Тоҳир Муминов пас аз чаҳор моҳи фаъолият дар дастаи "Регар-ТадАЗ" бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббигии даста истеъфо додааст.
Тавре ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуоти тими шаҳри Турсунзода хабар додааст, пас аз истеъфои сармураббӣ ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, ки қарордоди ҳамкориро бо розигии тарафайн қатъ намоянд. Исми сармураббии нави даста рӯзҳои наздик эълон карда мешавад. Тибқи баъзе хабарҳо, дастаро Алишер Тухтаев ба уҳда мегирад.
“Сипос барои ҳамкорӣ, Тоҳир Муминов. Ба шумо дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно дорем!”,- омадааст дар изҳороти тими шаҳри Турсунзода.
Дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ ин сеюмин истеъфои сармураббиҳо мебошад. Қаблан дастаҳои "Ҳосилот" ва "Истаравшан" пас аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мураббиҳои худ ҷудо шуда буданд.