Arzon march 2024
Тоҷинисо Саидова ҷашни милод дорад
981

Имрӯз ҳунарпешаи маҳбуби театр ва кинои тоҷик Тоҷинисо Саидова ҷашни милод дорад. Ин зани фариштахӯ бо нақшҳои хеле ҷолиб ва хотирмони офаридааш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст.

Тоҷинисо Саидова 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Меҳри санъат ҳанӯз аз замони кӯдакӣ дар қалбаш маъво гирифта, ин духтари ҳунардӯсти кӯҳистониро то ба Маскав бурд. Соли 1975 Тоҷинисо бо сари баланд Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм намуда, ба Тоҷикистон баргашт.

Истеъдоди волояшро ба назар гирифта, ҳунарпешаи ҷавонро дар маъруфтарин театри кишвар -Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор гирифтанд. Дар ин даргоҳи ҳунар Тоҷинисо Саидова дар паҳлуи Мушаррафа Қосимова, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Марям Исоева барин устодони санъат кор карда, ҳунару маҳорати касбии худро такмил дод ва дар як муддати кӯтоҳ ба қатори ҳунарпешаҳои номдори кишвар ворид гашт.

Ҳунарпеша нақшҳояшро бо маҳарати баланд хеле табиӣ меофарид. Тамошобинон дар симои қаҳрамонҳои офаридаи Тоҷинисо Саидова гӯё атрофиёни худро медиданд ва ба ин зани сар то ба по ҳунар аҳсан хонда, баъди ҳар як намоишнома ӯро гулборон мекарданд. Махсусан образҳои офаридааш дар намоишномаҳои «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмуъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак», “Дугонаҳо ба театр мераванд” ва “Зани оҳанин” дар хотири тамошобинон нақш бастаанд. Дар баробари театр ва телевизион Тоҷинисо Саидова дар филмҳои бадеии “Хати парвоз”, «Дар ҷарӣ» «Қӯшатир», «Бозавқтар нигоҳ кун», «Марди мутааллиқи ду зан” ва “Муҷассамаи ишқ” нақшҳои хеле ҷолиб офаридааст.

Хизматҳояшро дар рушду нумуъи санъати театр ва кинои тоҷик ба назар гирифта, соли 1996 Тоҷинисо Саидоваро бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2006 бо унвони баланди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардониданд.

Мо - аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ин ҳунарманди асилро сидқан бо ҷашни милод муборакбод гуфта, ба Тоҷинисо Саидова умри дарози пурбаракат ва тамоми хушиҳои рӯзгорро хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД