Кормандони Вазорати умури дохилии кишвар дар ҳамкорӣ бо ҳампешагони русашон як гурӯҳи калони ҷиноятиро боздошт намудаанд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия гаравгон гирифта, бо роҳи тарсондан, латукӯби шадид ва таҳдиди куштор пулҳояшонро ғорат мекардаанд. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” хабар додааст.
Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ Худойқулов Алиҷон, соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Ёвон, қаблан суд шудааст, Қориев Баротқул, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки қаблан 3 маротиба барои авбошӣ суд шудааст, Қулматов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1986, қаблан дар Тоҷикистон барои одамкушӣ ва дар Русия барои авбошӣ суд шудааст ва Забиров Комрон зодаи ноҳияи Ҳисор бо таппонча, корд ва дигар намудҳои силоҳ мусаллаҳ гашта, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия гаравгон гирифта, ба ҷангал, хонаҳои пинҳонии ба иҷора гирифтаашон ва дигар маконҳои хилват бурда, мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор дода, бо роҳи зӯрӣ ва таҳдиди куштор аз онҳо маблағҳои калони пулӣ гирифта, байни худ тақсим мекардаанд. Бо ҳамин роҳ аъзоёни гурӯҳи ҷиноӣ аз муҳоҷирон аз 100 ҳазор то 2 миллиони рубли русӣ мегирифтаанд.
Боздоштшудагон ба гуноҳи худ иқрор шуда, дар навори видоӣ чи тавр гаравгон гирифтани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва бо роҳи шиканҷа, латукӯб ва таҳдиди куштор пулу моли онҳоро ситониданашонро бо хунсардӣ нақл мекунанд.
Дар навор ҳамчунин чанд нафар ҷабрдидагон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷик раванди аз ҷониби ин гурӯҳи ҷиноӣ гаравгон гирифтани худро нақл кардаанд. Аъзоёни гурӯҳи ҷиноӣ Абдураҳмон ном муҳоҷири меҳнатии тоҷикро зӯран ба мошин савор карда ба ҷангал бурдаанд ва бо таҳдиди куштор се маротиба, бори аввал 55 ҳазор рубл, бори дуюм 35 ҳазор рубр ва бори сеюм 50 ҳазор сомониашро гирифтаанд.
“Маро ба ҷангал бурданд, бераҳмона лату кӯб карданд, гуфтанд, ки ҳозир кушта дар ҳамин ҷо гӯр мекунем, падару модарат ҳатто мурдаатро намеёбанд. Тарсидам ва пули талаб крадаашонро додам”,- қисса мекунад Абдураҳмон.
Муҳоҷири дигари тоҷик Абдушукур мегӯяд, аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноӣ ӯро гаравгон гирифта, бо роҳи шиканҷа ва таҳдиди куштор пули калон- 1, 5 миллион рубли русиашро гирифта, баъд озод намуданд.
Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дигар шахсоне, ки аз ҷониби ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар Русия мавриди латукӯб ва озору шиканҷа қарор гирифтаанд ва пулу молашонро бо зӯрӣ ситонидаанд, хоҳиш кардааст, ки ҳатман ба ВКД хабар диҳанд.