Кулли форсизабонони дунё, аз ҷумла тоҷикон дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон иди Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аз Ватан дур бошанд ҳам, онҳо суннатҳои неки ниёгони худро пос дошта, дар рӯзҳои наврӯзӣ хӯрокҳои баҳорӣ мепазанд ва дастурхони Наврӯзӣ ороста, бозиҳои варзишии миллиро ташкил мекунанд.
Фирӯз Баротов, аз зумраи тоҷикони муқими Амрико буда, ҳар сол ҳамроҳи дигар ҳамватанону ҳамзабононамон Наврӯзро бо шодиву нишот ҷашн мегирад. Атрофи нигоҳ доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар кишвари бегона мо бо Фирӯз сӯҳбати гуворое оростем ва инак фишурдаи мусоҳибаамонро манзури шумо мегардонем.
-Чанд Наврӯз аст, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунед ва ин ҷашнро бо расму оин ва анъанаҳои миллӣ таҷлил менамоед?
-Имсол 6 сол мешавад, ки ҷашни Наврӯзро дар Амрико таҷлил мекунем. Солҳои аввале, ки ба Амрико омада будем, каме имкониятҳо маҳдуд буданд, зеро вақте шахс муҳоҷират мекунад, пеш аз ҳама дар бораи ҷо ба ҷо шудан ва ёфтани сарҳисоби зиндагӣ дар мулки бегона фикр мекунад. Мақоли машҳуре ҳаст, ки “нон бошад, суруду мусиқӣ ҳам мешавад”, вақте оҳиста –оҳиста ҷо ба ҷо мешавед, дар бораи фарҳангу тамаддун ва нигоҳ доштани анъанаҳои милии кишвари худ фикр мекунед, то ки фарзандонро дар рӯҳияи миллӣ ба воя расонед. Ман дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунам. Дар ин ҷо тоҷикон хеле зиёданд.
-Тоҷикони Амрико Наврӯзро сарҷамъона ҷашн мегиранд ё ҳар кас дар хонаи худаш?
-Мутаассифона, ду соли охир тоҷикон ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Тоҷикони тозае, ки тариқи Мексика ворид шудаанд, бештар ба дини ислом таваҷҷуҳ доранд. Ба андешаи онҳо Наврӯз иди мусалмонон нест, иди оташпарастон аст ва мусалмонон бояд онро ҷашн нагиранд. Вақте ки мо дар хусуси таҷлили Наврӯз сӯҳбат мекунем, онҳо дарҳол “Наврӯзро ҷашн гирифтан гуноҳ аст, ширк аст”-гӯён, худро пас мекашанд, вале бо ин ҳама монеъ шуданҳо тоҷикони миллатдӯст, тоҷиконе, ки арзишҳои фарҳангӣ барояшон муқаддас ба шумор меравад, Наврӯзро ҷашн мегиранд.
-Ҳамасола дар саҳифаҳои Шумо мебинем, ки Наврӯзро тоҷикони Амрико бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Ин чорабиниҳо аз ҷониби мардон роҳандозӣ мегарданд ё занон?
-Наврӯз дар Ню-Йорк дар чанд шакл баргузор мегардад. Яке аз шаклҳои он таҷлили Наврӯз дар тарабхона аст. Созмондиҳандагони асосии ҷашни Наврӯза гурӯҳи фаъолзанҳои тоҷики муқими Амрико мебошад. Онҳо эълон мекунанд, баъд хоҳишмандон чипта мехаранд ва шомили ҷашнвора гашта, ҳама дар якҷоягӣ рақсу бозию хурсандӣ мекунанд.
-Сароядаҳои тоҷик ва форс ҳам дар ҷашнҳои Наврӯзӣ иштирок мекунанд?
-Бале, ҳамасола ба ҷашни Наврӯз сарояндаҳои тоҷик, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд, даъват мешаванд ва сурудҳои тоҷикӣ мехонанд. Раққосаҳо низ меоянд. Ровиҳо ҳам иштирок карда, ҳар кас ҳунари худро нишон медиҳад.
-Мизро бо хӯрокҳои аврупоӣ ороиш медиҳанд ё таомҳои миллӣ?
-Албатта миллӣ! Дар тарабхона дастурхони Наврӯзӣ ва суфраи ҳафт сину ҳафт шин ороста мешавад. Намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва баргузор намудани бозиҳои гуногуни наврӯзӣ низ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯйи миз ҳатман суманак ва оши палав бояд бошад.
-Дар Наврӯз табиат зинда шуда, ҳама ҷо сабзу гулпӯш мегардад. Чаро Наврӯзро дар табиат таҷлил намекунед?
-Ба хотири он ки теъдоди зиёди одамон ба ҷашни Наврӯз фаро гирифта шаванд, Анҷумани тоҷикони Амрико базми наврӯзиро дар оғӯши табиат ташкил мекунанд. Одатан боғҳоеро интихоб мекунанд, ки арзиши камтар доранд. Нархи чипта дар тарабхона аз 150 то 170 доллар бошад, дар Анҷумани тоҷикони Амрико тахминан 15 доллар ва барои бачаҳо 5 доллар аст. Бозиҳои гуногуни варзиширо ташкил карда, барои кӯдакон масхарабозонро даъват мекунанд. Соли гузашта писари Далер Назаров овозхонӣ кард ва маҳфили наврӯзиамон бисёр хотирмон гузашта буд.
-Дар хона ҳам Наврӯзро таҷлил мекунанд?
-Бале, вале ба хотири он ки дар Ню-Йорк хонаҳо хурд ҳастанд, бо фарогирии одамони камтар таҷлил мекунанд. Наврӯзро натанҳо тоҷикони Тоҷикистон, балки тоҷикони Ӯзбекистон ҳам дар Амрико таҷлил мекунанд. Онҳо бештар зодагони Самарқанд мебошанд ва натанҳо дар Ню-Йорк, балки штатҳои дигар ҳам зиндагӣ мекунанд. Имсол ба Оҳаё рафтем. Ҷолиб он аст, ки дар он ҷо ҳам зодагони Самарқанд ҳастанд, ҳам эрониҳо. Ду соли охир тоҷикони Самарқанд Наврӯзро якҷоя бо эрониҳо мегузаронанд ва он дар чанд шакл сурат мегирад. Дар он ҷо созмонҳои “Гузар” ва “Ориён коменити” суманак пухта, ба эрониҳо ва тоҷикони аҳли гузар тақсим мекунанд. Ҳамчунин халиса мепазанд. Ин ғизо мисли гандумкучаи худамон аст, вале каме ғафстар аст. Созмони “Ориён комунити” барои меҳмонони эронӣ намоиши ҳунарҳои дастии мардуми тоҷикро таъсис медиҳанд, ки аз таърих ва фарҳангу маданияти мардум огоҳ шаванд. Хусусияти вижаи дигараш ин аст, ки ҳар сол барномаи консертӣ барои ҳама баргузор мешаванд. Чанде пеш дар Оҳаё намоиши ҳунарҳои тарроҳи либос Мукарама Қаюмова баргузор шуд. Имсол мавзӯи намоиш либосҳои замони Куруши Кабир буд ва ба эрониҳо хеле писанд омад.
-Бозиҳои мардона ҳам гузаронида мешаванд?
-Аз бозиҳои мардона бештар футбол, волейбол, ин гуна бозиҳо ташкил карда мешавад. Ман шоҳиди бандкашак кардан будам, вале ба хотири маҳдуд будани ҷой, дигар намуди бозиҳо, ба монандӣ гуштигирӣ ва дастхобониро надидаам. Тоҷиконе, ки дар гӯшаю канори гуногуни Амрико зиндагӣ мекунанд, расму оин ва анъанаҳои имллиро эҳё кардан мехоҳанд.
-Дар Наврӯз тоҷикони Амрико ба хонаҳои ҳамдигар мераванд?
-Дар Амрико каме имкониятҳо маҳдуданд. Аз ҳамин хотир аксарият кӯшиш мекунанд, ки дар Наврӯз ба табибат бароянд ва худашон барои аҳли оилаашон хӯрок омода кунанд, хонагардӣ камтар аст.
Барои сӯҳбати ҷолиб як ҷаҳон ташаккур!