goodwell
Тоҷикистону Ӯзбекистон назорати санитариро дар марз пурзӯр мекунанд
11.09.2026
Oila.tj
107

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ният доранд ҳамкории худро дар самти назорати санитарӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тақвият диҳанд.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, дар нуқтаҳои гузаргоҳи Фотеҳобод дар Тоҷикистон ва Ойбек дар Ӯзбекистон ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар бештар карда мешавад. Ҳадафи ин иқдом пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими назорати санитарӣ дар минтақаҳои марзӣ мебошад.

Ба иттилои UzDaily, мутахассисони ду кишвар ҳамчунин ниёзҳои тиббии сокинони минтақаҳои наздисарҳадиро меомӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД