Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март ба муносибати ҷашни Наврӯз шаш рӯз истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар ба Оила.ТҶ хабар доданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 21-уми март таҷлил мешавад. Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ ин ҳафта аз душанбе то чоршанбе рӯзи корӣ аст.
Аз рӯи тақвими имсола рӯзҳои 21 то 26-уми март истироҳатианд, зеро рӯзҳои 23-24-уми март шанбе ва якшанбе буда, ду рӯзи истироҳати он ба рӯзҳои душанбею сешанбе гузаронида мешавад.
Дар ин замина, ба иттилои Вазорати маориф ва илм, таътили баҳорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 7 рӯз - аз 25-ум то 31-уми март муқаррар шуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 21-ум то 31-уми март, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 21-ум то 27-уми март истироҳат менкунанд.