toyota motors
«Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ
85

Дар Коллеҷи фарҳанги ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гашта, дар он 210 нафар иштирок карданд ва аз рӯйи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ, ороиши амалӣ, меъморӣ ва дизайн ҳунару маҳорати худро намоиш доданд.

Бино бар иттилои МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ, аз 210 иштирокчии озмун, ки асосан дастпарварони муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои санъат, коллеҷҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мебошанд, 66 нафар сазовори баҳои баланди ҳакамон гашта, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Ба ғолибони даври ноҳиявии озмун Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД