35 years of independency
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ рушд медиҳанд
11.11.2026
Оила
60

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро

дар соҳаи зеҳни сунъӣ рушд медиҳанд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ  Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Ҳуҷҷати мазкур дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба имзо расида, ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, табодули донишу таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона гаштааст.

Гуфта мешавад, ки минбаъд ба масъалаи рушди зеҳни сунъии бехатар ва масъулиятнок, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, дастгирии стартапҳо ва татбиқи технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷонибҳо ва таъмини татбиқи амалии мувофиқаҳо таъсиси гурӯҳи кории муштарак пешбинӣ гардида, тавассути табодули коршиносон, баргузории конференсияҳо, машваратҳои корӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, таълимӣ ва озмоишӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД