Тоҷикистон ва Қатар: баррасии масоили муҳоҷирон ва ҳамкорӣ дар соҳаи маориф
98

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Давҳа бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар Лулва бинти Рошид Ал-Хотир мулоқот намуд.

Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифаи “Телеграм” хабар додааст, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи омода намудани мутахассисони ба бозори меҳнати Қатар ҷавобгӯй ва сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба ин давлат мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки зимни вохӯрӣ ҳамчунин дар боби тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф суҳбати муфид сурат гирифт.

“Таҳкими робитаи байни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар ва табодули таҷриба дар таҳсилоти касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва иртиботи сатҳи олии роҳбарони ду давлат заминаи боэътимод барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Қатар ба ҳисоб мераванд”,- омадааст дар хабар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД