Дар доираи барномаи омӯзишии “Пешгирӣ, ташхис, табобат ва вокуниш ба бемории обилаи маймун” дар беморхонаҳои калони пойтахт ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе силсиласеминари омӯзишӣ оид ба хуруҷи бемории обилаи маймун ё эм гузаронида шуд, ки дар он мутахассисон аз риштаҳои гуногуни тиб ширкат намуданд.
Ба ҳайси тренер дар машғулиятҳои дарсӣ табиби сироятшинос Ораш Алоӣ иштирок карда, гуфтааст, ки бемории сироятии обилаи маймун бо номҳои mрох ё обилаи эм ҳам маъмул аст ва онро вирусе бармеангезад, ки аз ҳайвон ба инсон сироят намуда, дар сурати иртиботи наздик аз инсон ба инсон ҳам мегузарад.
“Аз нишонаҳои аввалаш муайян кардани вируси обилаи маймун мушкил аст, зеро он мисли аксари бемориҳои дигари уфунӣ бо дарди бадан, дарди сар, беҳолӣ, доначаҳои обиламонанд ва нафастангӣ оғоз шуда, дар бадани на ҳама гирифторони ин беморӣ доначаҳои обиламонанд пайдо мешаванд. Мутахассисон ба он назаранд, ки бемории обилаи эм бемории табобатшаванда ва дорои ваксина буда то 80% барои пешгирӣ омили самарабахширо дорост”,- гуфт Ораш Алоӣ.
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд то ҳол ин намуди беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале шаҳрвандони кишварро зарур аст бо риояи дурусти гигиенӣ худ ва фарзандонашонро аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин доранд.
Ба таъкиди Вазорати тандурустии мамлакат, семинари мазкур баҳри пешгирӣ ва табобати бемории обилаи эм дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба хуруҷи бемории обилаи эм ҳолати фавқулоддаи дараҷаи байнанмилалӣ эълон намуда, аз бештар хуруҷ намудани бемории мазкур аз моҳи июли соли 2022 то имрӯз нигаронӣ дорад.