Formula september
Тоҷикистон дар «Ҷоми Мердека-2024» бо бозингарони нав муқобили Лубнон бозӣ мекунад
367

Тими милли Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024», ки дар Малайзия баргузор мешавад, рӯзи 4-уми сентябр бо тими миллии Лубнон бозӣ мекунад.

Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон гуфт, ки барои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 мусобиқа дар Малайзия мусоидат хоҳад кард, зеро онҳо имкон пайдо мекунанд баъзе бозигарони бори аввал ба тими миллии кишвар даъватшударо бештар омӯзонанд.

“Дар муқоиса бо соли гузашта, ки дар мусобиқа ғолиб шуда будем, ҳоло мо даҳ бозигари нав дорем. Аз тими ҷавонони Тоҷикистон чанд бозигарро даъват кардем, ки дар охири моҳи сентябр дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат меварзанд. Ба дастаи мунтахаби кишвар як дарвозабони навро низ даъват кардем ва ӯро низ мушоҳида кардан мехоҳем”,- гуфт Шекиладзе.

Мунтахаби Тоҷикистон дар майдон бо либосҳои сурх бозӣ мекунад. Тими Лубнон бо либоси сафед ба майдон мебароянд.

Тибқи низомномаи мусобиқот агар вақти асосии вохӯрии ниманиҳоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, силсилаи пеналти муқаррар карда мешавад.

Мутаассифона, ҳимоятгари марказии тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов бар асари ҷароҳат доштанаш дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2024» иштирок намекунад. Ҳанонов дар дастаи худ «Сипоҳон»-и Эрон ҷароҳат бардоштааст. Мушакҳои пойҳои ҳимоятгар осеб дидаанд ва барои барқароршавӣ чанд ҳафта лозим аст.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқоти «Ҷоми Мердека-2024» бо тими миллии Лубнон вомехӯрад. Ин дидор рӯзи 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (13:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД