Formula novemver 2024
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлат низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ кард
01.05.2024
Мирсаид
456


Шуруъ аз 1 майи соли 2024 низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар мавриди амал қарор мегирад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464» 25 кишвар ба номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ шудааст, илова карда шуд.

Кишварҳое, ба онҳо низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шуд:
1. Амирнишини Андорра
2. Баҳамас
3. Босния ва Гертсеговина
4. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
5. Ҷумҳурии Булғористон
6. Ҷумҳурии Коста Рика
7. Ҷумҳурии Кипр
8. Ирландия
9. Ҷумҳурии Малта
10. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
11. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
12. Муғулистон
13. Черногория
14. Салтанати Уммон
15. Руминия
16. Федератсияи Сент-Китс ва Невис
17. Сент-Люсия
18. Ҷумҳурии Сан-Марино
19. Ҷумҳурии Сербия
20. Ҷумҳурии Словакия
21. Ҷумҳурии Словения
22. Ҷазираҳои Сулаймон
23. Сент-Винсент ва Гренадинӣ
24. Вотикон
25. Давлати Фаластин (шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус)

Кишварҳое, ба шаҳрвандони аз 55-сола болои онҳо низоми бераводиди яктарафа ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ шуд:
1. Ҷумҳурии Мардумии Чин
2. Ҷумҳурии Албания
3. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир
4. Барбадос
5. Ҷумҳурии Вануату
6. Иттиҳоди Доминика
7. Ҷумҳурии Фиҷӣ
8. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос
9. Ҷумҳурии Лубнон
10. Ҷумҳурии Мадагаскар
11. Ҷумҳурии Марокаш
12. Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ
13. Ҷумҳурии Никарагуа
14. Ҷумҳурии Панама
15. Ҷумҳурии Тунис
16. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

Кишварҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд

1. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
2. Ҷумҳурии Сулаймон
3. Ҷумҳурии Вануату
4. Ҷумҳурии Судон
5. Ҷумҳурии Мадагаскар
6. Давлати Фаластин
7. Ҷумҳурии Гаити
8. Ҷумҳурии Уганда
9. Ҷумҳурии Арабии Сурия (раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
10. Ҷумҳурии Ироқ (раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
11. Ҷумҳурии Федеративии Нигерия (раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
12. Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия (раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
13. Ҷумҳурии Руанда (раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
14. Ҷумҳурии Конго (раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
Эзоҳ: Низоми мазкур аз аз 1 майи соли 2024 мавриди амал қарор мегирад. Шаҳрвандони ин давлатҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз бо мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайри сайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадор ҳастанд қабл аз сафар раводиди ба будубош мувофиқро ба расмият дароранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД