Нахустин ширкати миллии букмекерӣ «Formula55» дар доираи лоиҳаи худ «Тоҷикистон ба пеш!» варзишгардухтар ва зебосанам шоҳмотбоз Мутриба Ҳотамиро қадрдонӣ намуд.
Санаи 30-юми июни соли ҷорӣ дар Қасри теннис ва намудҳои варзишии обии ш. Душанбе вохӯрӣ байни нахустин ширкати букмекерии миллӣ «Formula55», варзишгардухтар, шоҳмотбоз Мутриба Ҳотамӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Набизода баргузор гардид.
Ҳадафи ин вохӯрӣ дастгирӣ намудани шоҳмотбоз Мутриба Ҳотимӣ буд.
Дар нишасти матбуотӣ Мутриба дар бобати дар озмуни байналмилалии зебоӣ Miss Chess Eurasia ҳамчун шоҳмотбози зеботарини Тоҷикистон мақоми 3-юм ва дар рейтинги шоҳмот дар байни занони Тоҷикистон зинаи 4-умро ишғол намуданаш ва инчунин нақшаву ҳадафҳои худро нақл намуд. Охири моҳи июл, Мутриба Ҳотамӣ ба Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот дар Ҳиндустон меравад.
Қаблан ширкати нахустини миллии букмекерӣ «Formula55» Леонид Пронженкоро барои хизматҳои шоён в дастовардҳояш дастгирӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ширкати миллии букмекерӣ «Formula55» ҳар моҳ варзишгаронро дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» қадрдонӣ намуда, онҳоро барои ғолибият ва расидан ба ҳадафҳои худ шавқманд месозад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш!» ба варзишгарон бахшида шуда, барои омодагӣ ва ширкат варзиданашон дар мусобиқаҳо дастгирии молиявӣ мерасонад.
Нахустин ширкати миллии букмекерӣ «Formula55» дар давоми фаъолияти худ пайваста чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва варзишгаронро дар дохил ва хориҷи кишвар дастгирӣ мекунад ва ин ташаббуси худро дар оянда низ давом додан мехоҳад.