arzon replenishment
Тоҷикистон ба пеш! Covid-19-ро мерӯбем!
2288

Пас аз расман ба қайд гирифта шудани COVID-19 дар Тоҷикистон ва ба таври оммавӣ аз тариқи телевизионҳои кишвар эълон гардидани он, номи шахсони воломартабаю соҳибкорон дар сархати ахбори сомонаҳои хабарӣ пайдо шуд.

Имрӯз ҳама дар атрофи хайри башардӯстонаи онҳо ҳарф мезананд. Вале набояд хизмати он нафаронеро, ки пеш аз расман эътироф шудани беморӣ саҳми худро барои пешгирӣ аз коронавирус гузошта буданд фаромӯш кард. Аз ҷумла, бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ ширкати ТГЭМ "Тоҷикгидроэлектромонтаж" ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе кӯмаки башардӯстона ва шоён дар мисоли маводи тиббӣ расонид. Дар доираи ин иқдом ба муассисаҳои тиббии пойтахт 20 000 адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро дастрас намуда, ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.



Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми кӯмаки расонидаи ширкат ба зиёда аз 5 миллион сомонӣ баробар аст. Ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик боз беш аз 20 адад таҷҳизоти сунъии нафаскашӣ барои шушҳо (ИВЛ)-ро аз корхонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ дастрас намуда, ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кунад. Тазаккур бояд дод, ки ширкати ТГЭМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) тасмим гирифтааст, ки оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ чунин ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД