Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷ ба маблағи беш аз 5,6 миллион доллар сабзӣ содирот кардааст. Харидорони аслии сабзӣ кишварҳои ИДМ будаанд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, аз моҳи январ то моҳи май Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 61 тонна сабзӣ содирот кардааст.
Ин ниҳоди давлатии ин кишвар қайд кардааст, ки дар давоми панҷ моҳи соли равон Ӯзбекистон ба таври фаъол ба кишварҳои хориҷ содирти сабзиро ба роҳ мондааст.
Қайд карда шудааст, ки содироти ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ муваффақияти назарраси ин кишварро нишон додааст.