Парвиз Пӯлодӣ ба 2 филми нав даъват шуд Ҳафтаи равон яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик-ҳунарпешаи машҳур, коргардони хушзавқ, сарояндаи хушовоз ва эҷодкори асил Парвиз Пӯлодӣ ҷашни милод дошт.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ бори дигар Парвиз Пӯлодиро бо солгарди умраш муборакбод гуфта, барояш парвозҳои баланди эҷодиро орзу менамоянд ва нигоштаҳои Тоҷиддини Азизро дар бораи ин марди ҳунар манзури хонандагони хеш месозанд.
Ҳунарпешаи театру кино, коргардон, оҳангсоз ва сарояндаи тоҷик Парвиз Пўлодӣ аз ҷониби Федератсияи Русия барои хидматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо медали “Барои хидмат дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар” сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора Парвиз дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Солҳои охир Парвиз Пўлодӣ бештар бо киноофарон ва киностудияҳои Русияву давлатҳои ҳамсоя ҳамкорӣ мекунад. Ў мехоҳад ба тамошобин бирасонад, ки тоҷикон асилзода ҳастанд ва таъриху тамаддуни куҳан доранд, зикр кард мавсуф. Нақшҳои ў натанҳо дар филмҳои хориҷӣ, балки дар “Тоҷикфилм” низ муассир ва назаррасанд. Навтарин нақши офаридааш дар кинои тоҷик дар филми “Охирин сайди сайёд” – и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил мебошад.
Парвиз дар ин филм яке аз нақшҳои асосиро иҷро кард. Ў боз ба ду филми нави ватанӣ даъват шудааст, ки банаворгириашон ба наздикӣ оѓоз хоҳад ёфт. Филмҳои русие, ки дар он Парвиз Пўлодӣ низ нақш мебозад, зиёд дар кинотеатрҳои Русия ба намоиш гузошта мешаванд ва тавассути маъруфтарин шабакаҳои телевизионии ин давлат пахш мегарданд.
Дар олами маҷозӣ низ бинандагони зиёд доранд. Аз ҷумла, нахустнамоиши яке аз филмҳои русӣ – «Лена и справедливость» (Лена ва адолат), ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соро Сабзалиева ва Парвиз Пўлодӣ нақш бозидаанд, 25-уми августи соли сипаришуда дар кинотеатрҳои Русия баргузор гардида буд. Дар филм дар бораи модари диловари се фарзанд Лена (Юлия Бедарева) ва ҳамманзили ў Мақсуд (Парвиз Пўлодӣ) аз оилаи зиёӣ қисса меравад. Мақсуд (Парвиз Пўлодӣ) тоҷики ошиқ аст.
Соли даҳум аст, ки бо Лена (Юлия Бедарева) зиндагии осоишта доранд. Дар филм мавзуъҳои эҳтироми якдигару фарҳанги гуногуни якдигар, дастгирии дуҷониба ба намоиш гузошта шудаанд. Парвиз ҳамеша ба ҳаводорон аз навигариҳои эҷодияш тавассути сомонаҳо маълумот медиҳад. Ҳамин шабу рўзҳо низ коргардонҳои рус барои филми навбатӣ нақшофарии ўро дар назар доранд.
Мавриди зикр аст, ки Парвиз Пўлодӣ парвардаи Институти киною театри ба номи М. Шепкини шаҳри Маскав (с. 1992) аст. Солҳои 19922010 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, коргардони телевизиони «Тоҷикистон», овозхони ансамблҳои давлатии «Лола» ва «Сипар», Филармонияи халқии шаҳри Ҳисор заҳмат кашидааст. Солҳои 2010-2014 мудири бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор буд. Соли 2010 бо даъвати ҳунарпешаи шинохта Маҳмадалӣ Маҳмадов ба Қазоқфилм роҳ ёфт. Дар аввал дар дубляжи филмҳо ба нақшҳое, ки бояд бо забони дарӣ ҳарф мезаданд, овоз медод. Сипас дар яке аз филмҳои онҳо нақши хурд офарид. Дар филмҳои «Амалиёти муҳаббат»-и киностудияи «Star media» (соли 2018) ва «Бародарӣ»-и «Мосфилм» (соли 2019) ҳам нақш бозидааст. Мавсуф дорандаи медали «Хидмати шоиста» мебошад.