Зан ва футбол. Ба назари бисёриҳо ин ду мафҳум ба мисли замину осмон аз ҳамдигар дур ва футболбозӣ кардани бонувон як амали ғайриимкон - номумкин менамояд, аммо бонувони тоҷик тайи солҳои охир натанҳо дар гӯштину бокс, балки дар футбол низ натиҷаҳои хеле назаррас ба даст оварда, дар амал собит карда истодаанд, ки аз мардон монданӣ надоранд ва ҳатто метавонанд аз писарон ҳам пеш гузаранд.
Яке аз чунин духтарони чусту чолок, сарвар-капитани тими занонаи футболи “Душанбе”-и шаҳри Душанбе Сайёра Саидова мебошад, ки дар футбол мардонро дар ҳайрат мегузорад. Сайёра танҳо дар ду соли охир ба дарвозаи рақибон беш аз 100 гол задааст, ки ин дастовард на ба ҳар ҷавони футболбоз даст медиҳад.
Аз ҳамин хотир, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол - 25-уми май бо ин тоҷикдухтари футболбоз дар боби нозукиҳои футбол суҳбати ҷолибе доир намуда, фишурдаи муҳовараамонро манзури хонандагони азиз месозем.
Аз суҳбати тоҷикдухтари футболбоз
- Сайёрабону, аксарият футболро машғулияти соф мардона мешуморанд. Шумо чӣ тавр ба ин ҷода роҳ ёфтед?
- Бале, бисёриҳо мегӯянд, ки футбол кори мардона аст, вале аслан варзиш ҷинс надорад. Муҳимаш шавқу завқ ва талош аст, агар дар дили кас шавқу завқ нисбат ба ин ё он намуди варзиш аланга занад, хоҳ-нохоҳ ҳамон роҳро пеш мегирад ва ба натиҷаҳои хуб низ ноил гашта метавонад.
- Шумо аз чандсолагӣ ба футбол рӯ овардед?
- Ман ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба футбол шавқу завқи зиёд доштам ва аз синфи чорумӣ дар кӯчаю майдонҳои деҳаамон бо бачаҳо футболбозӣ мекардам, вале албатта он футболи касбӣ набуд.
- Волидонатон ба футболбозӣ кардани шумо зиддият нишон намедоданд?
- Модарам зидди футболбозӣ кардани ман буданд ва ҳамеша барои ин корам маро маломат мекарданд... (механдад).
- Падаратон ва дигар мардони оила футболбозӣ карданро ба шумо манъ намекарданд?
- Падарам фақат таъкид мекарданд, ки бо ҳамсолонам бозӣ кунам ҳам, бо мардҳои калонсол футболбозӣ накунам. Мегуфтанд, ки онҳо бисёр дағалона бозӣ мекунанд ва ҳангоми бозӣ туро зада маъюб мекунанд.
Ман се бародар ва як хоҳар дорам. Азбаски яке аз бародаронам худаш варзишгар аст, мардҳои оилаамон чандон ба варзишгар шудани ман муқобилият нишон намедоданд.
- Ба футболи касбӣ чӣ тавр рӯ овардед?
- Ман дар деҳаи Чорсӯи ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, мактаби миёнаи №5-ро хатм намудаам. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, тӯли 8 сол дар риштаи муҳорибаҳои универсалӣ тамрин мекардам. Дар ин ҷода ба дастовардҳои хеле хуби варзишӣ низ ноил гашта, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ борҳо сазовори ҷойи аввал шудаам. Аммо сабабгори ба футбол рӯ оварданам мураббии ғамхору меҳрубон Гасимова Зебо Холовна гашт. Ин зани сарсупурдаи футбол аз куҷое шунидааст, ки бо бачаҳо дар кӯча футболбозӣ мекунам. Худаш кофта-кофта маро пайдо кард. Албатта бароям хушоянд буд, ки як мураббии касбӣ маро ҷустуҷӯ карда омадааст. Зебо Холовна соли 2016 маро ба тими худашон, ки он вақт “Зебунисо” ном дошт, даъват карданд ва ваъда доданд, ки аз ман футболбози касбӣ тайёр мекунанд. Он кас ба қавлашон вафо карданд. Дар як муддати кӯтоҳ дар ин даста ман ҳамчун футболбози касбӣ рушд карда, худи ҳамон соли 2016 ба дастаи яккачини занонаи футболи Тоҷикистон роҳ ёфтам ва дарвозабони ин даста гаштам.
- Ба худи шумо дар майдони футбол дар кадом мавқеъ будан бештар писанд аст: ҳамлагар, ҳимоятгар, нимҳимоятгар?
- Ростӣ ба ман бештар ҳамчун ҳамлагар бозӣ кардан писанд аст, вале тӯли чандин сол дар дастаи яккачини занонаи футболи Тоҷикистон дарвозабон будам. Ҳамроҳи ин тим ба чандин давлатҳои хориҷӣ сафар карда, бо сари баланд шарафи футболи тоҷикро ҳимоя намудем. Аммо дар як бозӣ ҳангоми дарвозабонӣ ҷароҳати вазнин бардоштаму пас аз ин маро ба мавқеи нимҳимоятгар гузарониданд. Айни замон дар ин мавқеъ бозӣ мекунам.
- Сайёра, шумо дар мавқеи ҳамлагар бозӣ накунед ҳам, чандин маротиба дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ “Беҳтарин ҳамлагари сол” эълон шудед. Ҳамин тавр не?
- Бале, баъди ҳамчун дарвозабон ҷароҳат бардоштану аз дарвозабонӣ ба мавқеи нимҳимоятгар гузаштанам, солҳои 2023 ва 2024 пай дар пай дар Чемпионати ҷуҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои бонувон “Беҳтарин нишонзан” эътироф шудам.
- Ба кадом кишварҳои хориҷӣ сафар доштед?
- Дар ҳайати дастаи яккачини бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ба Индонезия, Малайзия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тайланд, Эрон ва чандин кишварҳои дигар сафар намуда, бозии хуб нишон додем.
- Ба андешаи шумо ҳамчун як футболбози ҳирфаӣ, барои рушди боз ҳам бештари футболи занона дар Тоҷикистон чӣ намерасад?
- Фикр мекунам каме таваҷҷуҳ лозим аст барои боз ҳам бештар рушд намудани футболи занона дар кишвари мо. Азбаски таваҷҷуҳ ба духтарон нисбатан камтар аст, қисме аз бонувон ба зудӣ футболро тарк мекунанд. Ман гумон мекунам, ки агар дастгирии молиявӣ бештар шавад, падару модарон ва аҳли оила монеи бо футбол машғул шудани бонувон нагашта, ба занону духтароне, ки шавқи футболбозӣ кардан доранд, имконият медиҳанд, ки ҷиддӣ бо ин намуди варзиш машғул шуда, ҳамчун варзишгари касбӣ рушд намоянд.
- Сайёра, ба анешаи ман, агар як сабаби тарки футбол намудани бонувон мушкилоти иқтисодӣ бошад, сабаби дигараш оиладор шудани духтарони футболбоз аст, чунки шавҳар дигар иҷозати ба майдон баромадан намедиҳад. Ҳамин тавр не?
- Бале, ҳамин тавр аст. Натанҳо шавҳар иҷозат намедиҳад, балки ба аксари духтарҳо баъди калонтар шуданашон падару модар ва аҳли оилаи худашон дигар иҷозати футболбозӣ кардан намедиҳанд, вале ба фикрам, агар дастгирӣ бештар шуда, бонувон аз ҳисоби футбол соҳиби хона ва зиндагии обод гашта тавонанд, он вақт волидон низ дигар зиддият нишон намедиҳанд.
- Худи шумо оиладор ҳастед?
- Не, ҳанӯз оиладор нестам.
- Рафту ҷавоне пайдо шуда, дар наздатон шарт гузорад, ки аз ду якеро интихоб мекунӣ: бахт ё футбол, чиро интихоб мекунед?
- Яке аз сабабҳои асосии то ҳол оиладор нашуданам шартгузориҳост. Ман наметавонам аз баҳри футбол гузарам, чунки футбол зиндагии ман, маънии ҳаёти ман ва билохира заҳмати чандинсолаи ман аст ва наметавонам ба осонӣ аз баҳраш гузарам. Касе, ки Сайёраро интихоб мекунад, бояд футболро низ дӯст дорад ва хуб қабул карда тавонад.
- Аз аҳли оилаатон касе касби шуморо давом доданӣ ҳаст ё не?
- Ҷиянҳоям ба футбол шавқу ҳаваси зиёд доранд, вале ҳанӯз хурданд ва ман гуфта наметавонам, ки футболбози касбӣ мешаванд.
- Шумо ба ғайр аз футболбоз буданатон, боз доварӣ ҳам мекунед. Рафту байни тими дӯстдоштаатон ва тими бароятон бегона рақобат баргузор гашта, шуморо ҳакам монанд, тарафи киро мегиред?
- Саволи бисёр хуб! Довар бояд дар майдон одилона рафтор намояд. Муҳим нест, ки тим ё бозингаронаш ба довар писанд ҳастанд ё не. Вақте дар майдони футбол хатоеро мебинад, довар бояд чашм напӯшад, онро нодида нагирад ва кӯшиш кунад, ки бозӣ одилона гузарад.
- Аксари духтароне, ки ба тозагӣ ба футбол рӯ овардаанд, маҳз ба Сайёра Саидова монанд шудан мехоҳанд. Тавсияи шумо ба ин духтарон чист?
- Дар кишвари мо шумораи духтароне, ки футболро дӯст медоранд, зиёд аст, вале мутаассифона волидон ё бародаронашон монеи онҳо мегарданд. Аз ҳамин хотир ба падару модарон гуфтанӣ ҳастам, ки монеи духтарони худ нагарданд. Бо футбол машғул шудан ягон бадӣ надорад. Ин ҷо духтарҳои хуб ва ботарбия хеле зиёданд. Футбол кумак мекунад, ки духтарон роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намуда, ба қуллаҳои баланд бирасанд. Варзиш - ин тани солим ва ақли солим буда, касро ба роҳи дуруст равона месозад. Ба духтарҳои ба футбол шавқу ҳавас дошта бошад, гуфтаниям, ки аз самими қалб талош ва меҳнат кунанд, чунки танҳо бо меҳнати шабонарӯзӣ ва пайваста машқу тамрин намудан кас ба қуллаҳои баланди варзиш мерасад.
- Сайёра, идеали шумо дар ҷодаи футбол кист?
- Диего Марадонна, чунки дар баробари як футболбози сатҳи ҷаҳонӣ будан бениҳоят хоксор аст.
- Тавре расонаҳо навиштаанд, тӯли ду соли охир шумо зиёда аз 100 тӯбро ба нишон расондаед. Дар тӯли карераи варзишиатон аз оғоз то ба имрӯз чанд гол заданатонро ҳисоб кардаед?
- Ростӣ ҳисоб накардаам, зеро барои ман на голҳое, ки худам задам, балки ғалабаи дастаам муҳим аст. Ман гол мезанам ё каси дигар, аслан аҳамият надорад, муҳимаш дастаи мо ғолиб ояд!
- Ҳамеша муваффақ бошед!
Мусоҳиб: Фирӯза САТТОРӢ