- Сараввал Шуморо бо хатми академияи мусиқии халқии Лариса Долина табрик мекунем. Мегуфтед, ки чанд сол мешавад дар Федератсияи Русия қарор доред?
- Ташаккури зиёд. Ба Шумо ва кулли мардуми шарифи Ватани азизам Тоҷикистон салому дуруд арз мекунам. Ҳанӯз соли 2007 волидонам ба Русия рафта буданд. Вақте кори хубу мувофиқ пайдо намуданд, моро низ даъват карданд. Ман аз хурдӣ ба варзиш майлу рағбати зиёд доштам ва дар муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагону наврасони (ДЮСШ) шаҳри Истаравшан аз рӯйи варзиши гуштини юнону-румӣ тамрин мекардам. Баъди ба Русия омадан низ ба варзиш машғул шудам. Ҳоло қариб 18 сол мешавад, ки дар Русия кору фаъолият дорем.
- Дар кадом мусобиқаҳои варзишӣ иштирок кардед ва дар соҳаи варзиш чӣ дастовардҳо доред?
- Дар мусобиқаҳои зиёд аз рӯйи намуди варзиши гӯштини юнону-румӣ иштирок карда, борҳо ғолиб гаштам. Номзад ба устоди варзиши Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ҳастам. Ҳоло низ пайваста ба варзиш машғулам лекин, имрӯзҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намекунам.
- Чӣ боис гашт, ки ба санъат рӯй оваред?
- Оилаи мо ҳама фарҳангдӯсту фарҳангпарваранд. Аз хурдӣ дар хонаамон садои суруду мусиқӣ танинандоз буд. Гоҳ-гоҳ суруд мехондам, вале танҳо барои хушҳолии худам. Ҳамин шавқу ҳаваси кӯчак боис гашт, ки ба шӯъбаи санъати мусиқии эстрадии коллеҷи омӯзгории шаҳри Иркутск дохил шавам. Ҳамин тавр, ба олами санъат рӯй овардам ва дар озмунҳои зиёди мусиқӣ иштирок кардам. Ба наздики академияи мусиқии сарояндаи халқии Федератсияи Русия, Лариса Долинаро хатм кардам ва шогирди ин сарояндаи маъруф ҳастам.
- Аввалин озмуни мусиқие, ки иштирок кардед кадом аст ва кӣ ба Шумо пешниҳод кард, ки дар чунин озмунҳои маъруф иштирок кунед?
- Боре як дӯстам гуфт, ки озмуни телевизионие баргузор мегардад, биё иштирок кунем. Розӣ шудам. Дар озмун ду таронаи сарояндаи маъруфи Рус Алексей Чумаковро сурудам. Хушбахтона аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт. Аз ҳамон вақт роҳи ман барои иштирок дар озмунҳо кушода шуд. Баъд аз ин ҳар озмуни мусиқие, ки дар шаҳри Иркутск баргузор мешуд, иштирок намуда Тоҷикистонро муаррифӣ мекардам. Дар баъзе озмунҳо то даври ниҳоӣ мерасидам ва дар баъзеашон ғолиб меомадам.
- Сурудҳое, ки дар озмунҳо месароед, бозхонии таронаи ҳофизон аст ё аз эҷоди худатон?
-Сурудҳое, ки дар озмунҳо месароем бозхонии таронаҳои маъруфи сарояндагони Русия аст, чунки худи оинномаи озмун чунин талаб мекунад. Иштирокчӣ дар озмун суруди ягон ҳофизро бояд бозхонӣ кунад. Аъзои ҳакамон ба маҳорат, овоз, истеъдод ва то чӣ андоза аз ӯҳдаи хондани суруд баромадани иштирокчӣ баҳо медиҳанд.
- То имрӯз дар кадом озмунҳо иштирок кардед?
- Соли 2018 баъди хатми коллеҷ ба шаҳри Маскав кӯч бастем ва соли 2019 аввалин мавсими шоу - барномаи телевизионии «Ну-ка, все вместе» баргузор шуд. Барои роҳ ёфтан ба озмун аввал кастинг гузашт. Дар он ҳазорҳо нафар иштирок карданд. Хушбахтона, аз байни ин қадар довталаб ман ҳам ба озмун роҳ ёфтам ва Тоҷикистонро намояндагӣ карда, то даври ниҳоӣ яъне финал расидам. Ҳоло финалисти шоу-барномаи «Ну-ка, все вместе», «Х-Фактор»-и Белоруссия ва «Голос 12» аз командаи Полина Гагарина мебошам. Ғайр аз ин дар озмунҳои зиёди телевизионӣ иштирок кардаам.
Мардуми рус ба сарояндаи муваффақи тоҷик чӣ назар доранд?
- Дар симои мардуми Рус инсонҳои фарҳангдӯстро мебинам. Онҳо нафарони соҳибитеъдод, санъаткор ва ҳунармандро хеле дӯст медоранду эҳтиром мекунанд. Дар Русия санъаткорони тоҷик, ки бо ҳунару маҳораташон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд бисёранд. Ба санъаткорони мо эҳтироми зиёде қоиланд. Дар шарҳи таронаҳоямон суханҳои неку рӯҳбаландкунанда менависанд.
- Шумо фаъолияти ҳунариятонро дар Русия оғоз кардед ва бештар бо ин забон месароед,таронаҳои тоҷикӣ ҳам доред?
- Ҳоло дар репертуарам ягон суруди тоҷикӣ надорам. Айни ҳол суруди тозае бо забони тоҷикӣ эҷод кардаам, ки он ба наздики пешкаши мухлисон мегардад. Лекин дар маъракаҳо вақте тоҷикони муқими Русия даъват мекунанд, сурудҳои тоҷикӣ мехонам. Таронаҳои тоҷикӣ ба қалб оромиш мебахшанд. Вақте дар Русия бо ин забони нобу шево суруд мехонам эҳсосу ғурури миллиям боло мегирад. Ифтихор мекунам, ки тоҷикаму аз Тоҷикистонам.
- Кай дар Тоҷикистон консертатонро баргузор мекунед?
- Соли 2024 бо ҳамроҳии сарояндаи маъруфи ӯзбек Севинч Мӯъминова дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан шоу-консерт баргузор намуда будем. Кӯшиш мекунам ҳамин, ки имкон даст дод боз як консерти пур аз навгонӣ ва таронаҳои нав барои мухлисон пешкаш намоям. Алҳол барои мухлисони азиз як сюрприз дорам ва онро ба наздикӣ тариқи саҳифаам дар шабакҳои иҷтимоӣ баён медорам.
Абдуғаффор Шодиев