Sebiston new 2024 october
Тоҷикбача зану бачаашро партофта, думашро хода кард
7148

 

Лолита ном дорам. Падарам тоҷику модарам тотор аст. Ҳамдигарро дӯст дошта гирифта буданд, вале байнашон нофаҳмӣ рӯй доду ҷудо шуданд. Апаҳоям бо падарам монданд, ман бошам бо модарам ба Русия омадам. Пас аз хатми литсей модарам маро ба донишгоҳи Ломоносови шаҳри Москва дохил кард. Дар курси мо як тоҷикбача ҳам таҳсил мекард.

Шуҳрат ном дошту Шура мегуфтандаш. Азбаски падарам тоҷик аст, шояд хунам кашид, ки бо Шура дӯст шудам. Дӯстии мо оқибат ба муҳаббат табдил ёфт. Шура дар хобгоҳ зиндагӣ мекард ва мани сода танқисӣ накашад гуфта барояш ҳама шароитҳоро муҳайё менамудам. Сидқан дӯсташ медоштам ва тайёр будам ҷонамро барояш фидо созам. Модарам аз ишқи ману Шуҳрат хабар ёфта, хеле сарзаниш кард. Таъкид намуд, ки бачаҳои тоҷик вафо надоранд, харашон, ки аз об гузашт, тамоми некиҳои кардаи духтарро фаромӯш намуда, бераҳмона ӯро партофта мераванд. Гуфтам, ки Шуҳрат аз он тоифа нест ва барои исботи гапам рӯзи дигар ӯро ба хонаамон даъват кардам. Шура ба модарам ваъда дод, ки маро ҳатман ба занӣ мегирад. Ҳамсабақонам аз ишқу ошиқии ману Шура хабар доштанд ва мудом “Ромео ва Ҷулета” гуфта, моро масхара мекарданд.

Хуллас, тӯйи хоксоронае ороста хонадор шудем. Шура 4-сол дар хонаи мо зиндагӣ кард. Пас аз бачадор шудан вай маро хондан ҳам намонд. Кӯдакро нигоҳубин кун, ман худам ба ҷои ду кас кор карда шумоёнро мехӯронаму мепӯшонам мегуфт. Гапашро ду накарда, зани хонашин шудам, вале чӣ мегӯед, ки баъди донишгоҳро хатм намудан Шуҳрат думашро хода карда, гурехт. Шавҳари баномуси ман, ки бо даҳони пур “Ман ба ҷойи ду кас кор карда шумоёнро мехӯронаму мепӯшонам” мегуфт, пас аз гирифтани диплом якбора ғайб зад. Ин ҷавони бе аҳду бе паймон ҳатто барои хайрухуш кардан ба назди ману писарчааш омаданро ба худ эб надида, бе огоҳӣ билет харида, аз мо пинҳонӣ ба ватанаш рафтааст. Мани сода мабодо ба дасти скинхедҳо наафтида бошад гуфта, сахт ташвиш шудаму чанд рӯз шавҳар кофтам. Оқибат устодонамон гуфтанд, ки тоҷикбача кайҳо ба Тоҷикистон баргашт. Гирёну нолон ба хона омада ин шумхабарро ба модарам расондам. Маро дашном дода гуфт: “Ман аз яктояш шикаст хӯрдам бас набуд, ки боз ту ба доми ҳамин тоҷикони бевафо афтидӣ?!”

Намедонам сарамро ба кадом дар занам. Писарам Серёжа ҳар рӯз “падарам куҷо шуд?” гуфта, ба захми сӯзони дилам намак мепошад. Шуҳрат, агар чашмат ба номаи ман афтад, зудтар баргард, зеро мо туро сахт ёд кардаем!

Ҳамсарат Лолита ва писарат Серёжа                        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД