Formula novemver 2024
Тоҷик 8 миллион суми тоҷикро гирифту фирор кард, вале...
935


Баъзан некӣ кардан ба сари кас бало меорад, зеро афроди бевиҷдоне ҳастанд, ки аз меҳрубонӣ ва зудбоварии дигарон истифода бурда, бо макру фиреб пулу моли мардумро аз худ мекунанд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як муҳоҷири фиребгар хабар додааст.

Кормандони мақомоти милитсия як марди 32-солаи сокини ноҳияи Раштро барои мардумфиребӣ ва қаллобӣ ба маблағи масусан калон боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард ҳангоми дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо роҳи фиреб бо баҳонаи харидани хона дар шаҳри Душанбе 5 миллион рубли русӣ қарз гирифтааст, ки ба асъори миллӣ 756 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бори дуюм бо баҳонаи эҳтиёҷоти рӯзмарра боз аз ҳамон мард 3 миллион рубли русӣ (423 ҳазор сомонӣ) гирифта, ваъда додааст, ки дар давоми фаъолияти корияш пулро бармегардонад, вале баъдан аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон фирор намуда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, ба ҷабрдида зарари калони иқтисодӣ расонидааст.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4, банди “б”-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД