Тобути зиёда аз 1500 тоҷикро аз
хориҷи кишвар ба Ватан оварданд
Тобути зиёда аз 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соли 2025 тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Ватан овардаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
“Ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон ба кишвар оварда шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст,”-омадааст дар резаахбори пешкашгашта, вале маълум нест, ки тобути зодагони Тоҷикистон аз кадом кишварҳо оварда шуда, бо кадом сабабҳои фавтидаанд.
Аммо тибқи хабарҳое, ки дар расонаҳо паҳн мегарданд, бештари ҷасадҳое, ки аз хориҷи кишвар ба Ватан оварда мешаванд, маҳз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошанд, ки дар Русия ба ҳалокат расидаанд. Сабабҳои маъмултарини марги муҳоҷирон дар ин кишвар афтидан аз баландӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, куштор бар асари муноқишаҳои гурӯҳӣ ва беморӣ мебошанд.