Дилшод Басир-писари журналист ва шоири шинохтаи тоҷик Басир Расо, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ҳамчун як соҳибкори муваффақ ном бароварда буд, рӯзи 15-апрел бар асари беморӣ дар шаҳри Истамбули Туркия аз олам даргузашт.
Дилшод Басир ҳамагӣ 45-сол дошта, ҳамеша дасти афроди мӯҳтоҷу дармондаро мегирифт ва ҳамчун соҳибкори хайрхоҳу саховатманд машҳур гашта буд. Дӯстону ошноёнаш аз даргузашти ин ҷавонмарди кордону корсоз андӯҳгин гашта, менависанд, ки Дилшод ҳамеша “некӣ мекарду ба дарё меандохт".
Ёдрас мешавем, ки Дилшод Басир масъулияти мудири кулли ширкати "Глобал Моторс”-ро бар дӯш дошт ва чанд соли охир ҳамроҳи аҳли оилааш дар шаҳри Истамбули Туркия зиндагӣ мекард.
Гуфта мешавад, ки ин соҳибкори ҷавони тоҷик бар асари беморӣ аз олам гузаштааст, вале дақиқан аз чӣ ранҷ мекашид, маълум нест.
Интизор меравад, ки тобути ин ҷавони ормонӣ аз Туркия ба Ватан оварда шуда, ҷасади Дилшод Басир дар зодгоҳаш ба хок супурда мешавад.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, дар таҳаммули ин фоҷиа барояшн аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.