arzon replenishment
Тобути 5 мард ва 1 зани тоҷикро аз Қазоқистон ба Ватан оварданд
452

Ҷасади 5 мард ва 1 зани тоҷикро, ки бар асари садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон ҷон дода буданд, бо мошини махсуси яхдон дошта ба Ватан овардаанд.

Ҷонбохтагон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буданд, ки тариқи Қазоқистон ба Русия сафар доштанд, аммо ин сафари нотамом охирин сафари ин 6 нафар гашта, дар дили пайвандонашон доғи ҷудоии абадӣ гузошт.

Назирулло Боқиеви 24-сола, Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола, Файзиддин Солеҳзодаи 35-сола, Аҳтам Каримови 36-сола, Юсуф Солеҳови 67-сола ва Бахтигул Боқиеваи 40-сола рӯзи 20-уми майи соли равон бар асари бархӯрдани мошини тамғаи «Форд Транзит» бо як мошини калони боркаш ҷони худро аз даст доданд.

Ронандаи “Форд Транзит” иқрор шудааст, ки садамаи маргбор бо айби ӯ рӯй дода, ҳангоми рондани мошин дар сари чамбарак хобаш бурдааст.

Ҳамаи 6 нафар қурбониёни ин садамаи ҷигарсӯз аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, ҷасадҳо ба соҳибонашон супурда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД