Arzon march 2024
То ба кай дар зулмот мемонем?
851


Шурӯъ аз имрӯз, яъне 1-уми феврал бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз “лимит”-и истифодабарии нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки мардум, хоса сокинони деҳот дар чиллаи зимистон боз бе рӯшноӣ ва гармӣ мемонанд. “Барқи тоҷик” сабаби ҷорӣ шудани “лимит”-ро дар норасоии нерӯи барқ ва таъсири ногувори он ба иқтисодиёти кишвар маънидод карда, мегӯяд:

"«Ҳамагон шоҳиди он буданд, ки моҳи январи имсол ҳарорати ҳаво якбора ниҳоят паст фаромада, сармои шадид боиси аз ҷониби аҳолӣ аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯи барқ гашт".

Дар давоми моҳи январи соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ то ба 300 миллион киловат соат афзоиш ёфт, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 14% зиёдтар аст.

Талаботи зиёд ба қувваи барқ ва истифодаи нодурусти асбобҳои барқӣ боиси аз кор баромадани трансформаторҳо ва дигар дастгоҳҳои шабакаҳои барқӣ гашта, ҳамзамон ба захираҳои обии кишвар низ бе асар намонд. Ҳамаи ин ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад, аз ҳамин хотир бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ аз 1-феврали соли 2023 боз “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад”

“Лимит” ба шаҳри Душанде ва дигар шаҳрҳои калон дахл надошта, бештар дар деҳот ҷорӣ карда мешавад, вале дақиқ маълум нест, ки мардум аз соати чанд то чанд бе гармӣ ва рӯшноӣ мемонанд.

“Барқи тоҷик” ин “иқдом”-и худро муввақатӣ номида, ваъда додааст, ки баробари бартараф шудани камбудиву норасоиҳо ба мардум барқ медиҳад, аммо “лимит” кай ба охир мерасад, муайян нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД