goodwell
То анҷоми марҳилаи пешазниҳоии «Табиби сол-2026» 5 рӯз боқӣ монд
28.07.2026
Oila.tj
41

То анҷоми марҳилаи пешазниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» ҳамагӣ 5 рӯз боқӣ мондааст.

Озмун идома дорад ва ҳар ҳафта боз ҳам фарогиртар мегардад. Шумораи ҳарчи бештари табибон худро муаррифӣ мекунанд ва беморон бо навиштани фикру мулоҳизаҳо ва овоздиҳӣ табибони худро фаъолона дастгирӣ менамоянд.
То имрӯз дар озмун иштирок доранд:
✅ зиёда аз 2 200 табиб аз 52 шаҳр ва ноҳияи Тоҷикистон;
34% иштирокчиён занон ва 66% мардон мебошанд;
✅ зиёда аз 800 табиб дорои дараҷаи олии тахассусӣ, зиёда аз 300 нафар дараҷаи якум ва зиёда аз 200 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ мебошанд;
✅ зиёда аз 130 нафар докторони илм, дотсентҳо ва номзадҳои илмҳои тиб мебошанд.
Аз рӯи маълумоти САМТ, номинатсияҳои сериштироктарин инҳоянд:
🌟 «Табиби оилавӣ» - зиёда аз 270 иштирокчӣ;
🌟 «Стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй» - зиёда аз 230 иштирокчӣ;
🌟 «Ҷарроҳи умумӣ, ҷарроҳи торакалӣ ва эндоҷарроҳ» - зиёда аз 190 иштирокчӣ.
Дар қатори номинатсияҳои камшумортарин ҳоло силшиносон, пулмонологҳо, неонатологҳо, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фарматсевтон қарор доранд. Дар ҳар яке аз ин номинатсияҳо тақрибан даҳ табиб иштирок мекунад.
Аммо ин танҳо оғози роҳ аст. Бо сабаби дархости зиёди табибон ва истифодабарандагон, дар моҳи август дар платформаи САМТ имкониятҳои нав пайдо мешаванд.
Ҳар як табиб метавонад бубинад:
✅ ҷойгоҳи худро дар рейтинги умумии ҳамаи табибон;
✅ ҷойгоҳи худро дар рейтинги табибони ихтисоси худ;
✅ шумораи фикру мулоҳизаҳои гирифташуда;
✅ рақибони наздиктарини худро.
Ҳамчунин, САМТ имконияти қабули пешакии онлайн-ро барои навбатсози бо сабти ном ба назди табиб роҳандозӣ мекунад, ки ҳамкории беморон, табибон ва муассисаҳои тиббиро боз ҳам осонтар ва қулайтар мегардонад.
Мо инчунин дархостҳои зиёде оид ба омори муфассал, таҳлилҳо ва имкониятҳои иловагӣ барои табибон гирифтем. Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки САМТ функсионали махсусро бо обунаи инфиродӣ барои табибон омода мекунад. Бо САМТ бошед ва бохабар бошед - дар пеш боз имкониятҳои ҷолиби зиёде интизоранд!
Аз ҳамаи табибон ва бемороне, ки аллакай қисми ин лоиҳаи бузург гардидаанд, самимона сипосгузорем. Мо якҷоя фарҳанги муосири тибби кушодаро ташаккул медиҳем, ки дар он маҳорати касбӣ на танҳо бо таҷриба, балки бо эътимоди мардум низ тасдиқ мешавад.
#ВрачГода2026 #ТабибиСол2026 #СпасибоВрачу #СипосБаТабиб #Таджикистан

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД