Formula novemver 2024
Тӯҳматзада
02.08.2022
Дилошӯб
1975

 

Дарде дорам, гӯям забонам месӯзад ва агар нагӯям, мағз-мағзи устухонам. Се сол мешавад, мехоҳам ин алами худро қиссае сохта, ба суроғаи «Оила»-и дардошно фиристам ва инак, хома ба даст гирифта, бо оби чашм менависам…

Аз хурдӣ шоҳиди он будам, ки модаркалони порсою меҳрубонам пас аз хатми намоз дуру дароз ба Худованд муноҷот мекарданд ва онро чунин хатм менамуданд: Парвардигорам, ману пайвандонамро аз ғорати шайтон, тӯҳмати ногаҳон, ҳамсояи бадгумон, шару шӯри ин дунёи гузарон дар паноҳи раҳматат нигаҳбон шав. Ман низ аз рӯзе, ки ба намоз хондан шурӯъ кардам, ҳамин муноҷотҳоро мекардам ва ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хотирам ҳам набуд, ки ба тӯҳмати ногаҳон гирифтор мешавам. Шояд ба Худованд сар-сарӣ роз мегуфтам…

                        Аламҳои ятимӣ

Ман ятимдухтари бепадар будаму дар дари хонаи тағоҳоям ба воя расидам. Падарам зери мошини шахси дорое монда, ба ҳалокат расид. Ростӣ, намедонам айб аз падарам гузашт ё аз ронанда, ки марди сарватманд баъди дар зери чархи мошинаш ба ҳалокат расидани ҷавонмарди сисола дар озодӣ мондааст. Баъди додани маъракаҳои чили падарам, амакиҳоям модарамро бо ду духтараки хурдсол, ману хоҳарам оварда, дар хонаи бибии модариям монданд. Бобою бибии падариям он вақтҳо дар қайди ҳаёт набудаанду бобои модариям низ. Чор хола дорам, ки ҳар кадоме пайи зиндагии хеш буданду тағоҳоям дастгиру мададгори модарам гаштанд. Бечора модарам чӣ ҳоли зоре дошт, рӯзи дароз дар аробачае ҳар гуна ашёи ниёзи мардумро аз қабили собун, дандоншӯяк, қоғази ташноб, ҷӯроб ва дигар майда-чуйда бор карда, деҳа ба деҳа мегашту савдо мекард. Мо ду хоҳар аз хурдӣ ба меҳнат одат карда будем. Бибиям модарамро бори дуюм ба шавҳар дод, аммо падарандарам, ки аз модарам сӣ сол калон буд, вафот кард ва модарам бо додаракам баргашта, боз ба хонаи падарӣ омад. Дилам ба ҳоли парешони модари баргаштабахтам месӯхт. Дар ин миён хабар ёфтем, ки ҳамон марде, ки падарамро зер карда кушта будааст, пули як хонаро ба амакҳоям додааст, то барои мо хона харанд, аммо онҳо пули мо ятимонро аз худ кардаанд. Модарам инро шунида, ба хонаи амакҳом рафт, аммо аз он тараф гирёну нолон баргашт, амакҳои аз Худо баргаштаам, ӯро бо ҳақорату таҳдид аз хона ронданд. Таънааш карданд, ки ту шавҳар кардӣ ва на худату на духтаронат ба мо даркор нестӣ, гӯё то ин дам даркор будем. Модарам ба маъракаи соли падарандарам рафту аз он сӯ хурсанд омад, писарони мӯйсафед ба ӯ пули даҳ сотих заминро дода гуфтаанд, ки як замин ёфта, харидорӣ намо ва ба хотири додарамон дар сохтмони хонаат ёрӣ медиҳем…

                                      Хонаи нав

Писарони падарандарам ба гуфтаашон истоданд ва барои модарам хонаи зебои дорои се ҳуҷра бо тамоми шароиташ сохта доданд. Мо ба хонаи худамон кӯчидем, хурсандиямон ҳадду канор надошт. Бо чанд сомонии кор мекардаи модарам ва ёриҳои писарони падарандарам зиндагиро пеш мебурдем, ризқрасони дигари мо замини наздиҳавлигиямон буд. Гову гӯсола ҳам мепоидему аз ҳисоби фурӯши ширу ҷурғот низ пул меёфтем. Зиндагиямон шоҳона набошад ҳам, камбағалона набуд. Ману хоҳарам аз якдигарамон як сол фарқ доштем, ростӣ худтаърифкунӣ айб аст, аммо ҳақу ҳамсоя, худию бегона моро зебову соҳибҷамолу ҳунарманд гуфта, таъриф мекарданду ҳавасамонро мехӯрданд. Дар мактаб хубу аъло мехондем ва мехостем ба ягон донишгоҳ дохил шавем, аммо модарам қатъиян зид буд. Ӯ мегуфт, ки худам бадбахту саргардон шудам бас, Худованд шуморо хушбахт кунад. Ба мани бева духтарбонӣ осон нест, шуморо ба шавҳар медиҳам, агар шӯйҳоятон иҷозат диҳанд, марҳамат таҳсилро давом диҳед.

Мо мактабро хатм кардему хостгорон ҳар рӯз дарамонро мекуфтанд, модарам бо маслиҳати тағоҳову холаҳоям маро ба як хеши дури бобои модариям ва хоҳарамро ба писари муллои қишлоқамон доданд. Писари мулло духтур буд ва хоҳарамро ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил кард, аммо шавҳари ман хеле ҷоҳил буд, маро намегузошт бе иҷозати ӯ аз дарвоза берун по гузорам. Ман ҳам бо гапи ӯ мекардам ва зиндагиямон хубу ором буд, оилаи шавҳарам кам буданд, хусурам ҷавон вафот карда буду хушдоманам бо ду тифлак дигар шавҳар накардааст. Шавҳарам бо модараш рӯзи дароз дар бозор буданд, онҳо он ҷо мағозае доштанду савдо мекарданд. Ману хоҳаршӯям, ки дар синфи нӯҳ мехонд, дар хона будем…

                                Розҳои Шамсия

Бо хоҳаршӯям мисли апаву хоҳар меҳрубон будем, ӯ ба ман ҳама сири дилашро мегуфт. Ӯ сатр мебасту панҷ вақт намозаш тарк набуд, ман низ ба ӯ тақлид карда намозхон шудам. Шавҳарам ҷонашро аз хоҳараш дареғ намедошт ва ҳамеша ифтихор мекард, ки хоҳараш намозхону сатрбанд ва дар фармони ӯст. Танҳо ман медонистам, ки Шамсия дӯстписаре дорад ва аз синфи ҳаштумӣ бо вай мулоқот мекунад. Аброр як кӯча боло зиндагӣ карда, дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд ва ҳангоми таътил ба деҳа меомад. Шамсия ба ман нақл кард, ки ҳангоми дар деҳа будани Аброр онҳо шабҳои дароз дар зери маҷнунбеди поёни боғ бо ҳам роз мегӯянд. Ман ҳайрон мешудам, ки чӣ хел аз акаву модараш натарсида, ба мулоқоти дӯстдоштааш мерафтааст. Аммо Шамсия бо ханда мегуфт, ки янгаҷон дӯстдорӣ ҳамин хел будааст, ки аз касе наметарсидаӣ ва чизе садди роҳат намешудааст. Аброр ба Шамсия ваъда додааст, ки ӯро ба занӣ гирифта, соҳиби маълумот мекунад.

Зимистон фаро расиду дар қадам кӯдак пайдо шуд, дилбеҳузурӣ азобам медод, дилам танг мешуд, дар як шаб ду-се бор ба берун мебаромадам. Дар таътили зимистона Аброр ба деҳа омаду медонистам, ки қариб ҳар шаби ӯ бо Шамсия дар меҳмонхонаи мо рӯз мешавад. Баъзан Шамсияро ба эҳтиёткорӣ даъват мекардам, вале ӯ мегуфт, ки Абарор ҳатто дасти маро намедорад, мо фақат сӯҳбат мекунем, ман ба ӯ бовар мекардам…

                           Тӯҳмати ногаҳон

Як шаб боз дилам шӯриду берун баромада, қай кардам ва дар ҳавои тоза каме нафас кашида, ба хонаи хобам баргаштам, барф беист меборид. Шавҳарам бедор шуда гуфт, ки хона хунук шудаасту ба бухорӣ чанд дона ҳезум парто, ҳезум нест, ҳозир рафта биёрам гуфта будам, ки ӯ аз ҷояш хеста, “не, ту нарав, худам меравам” гӯён, ҷомаашро ба китфаш партофта берун баромад. Баъд аз чанд дақиқа аз берун садои баланди Хуршед ва як марди дигар баланд шуд, давида баромадам, ки шавҳарам бо ҷавони қоматбаланде дастугиребон аст. Ӯ маро дида, ҷавонро сар доду маро зери мушту лагад гирифт, ба ҳуш омадам, ки аллакай тағояму модарам болои сарам ҳастанд. Хуршед талоқи маро дода гуфт, ки духтари ҳароматона аз хонаи ман баред. Ман хушдорашро доштам, ӯ бо баҳонаи ҳомиладорӣ фақат берун мерафт, пеши вай мерафтасту ман бехабар. Модарам ҳамин қадар маҷбураш кард, ки номи «хушдорам»-ро бигӯяд, ӯ қасам болои қасам мехӯрд ,ки нашинохтамаш.

Шамсия бо ранги канда болои сари ман меистод, ман бегуноҳ бадном шуданамро дида, худамро дошта натавонистаму гуфтам:

-Вай хушдори ман не, Аброр, ошиқи Шамсия…

Хушдоманам ту духтари маро тӯҳмат мекунӣ гӯён, қиёматро қоим кард ва гуфт, ки Аброр дар Душанбе аст ва ту дурӯғ мегӯӣ. Ҳамин тавр мани бегуноҳ бадномзада шуда, ба хонаи модарам баргашта, писарча таваллуд кардам, аммо шавҳарам ҳатто ба дидани фарзандаш наомад.

Ду сол роҳи падари фарзандамро поидам, аммо ӯ наомад.

Вақте Шамсия мактабро хатм мекунад, Аброр хостгоронашро мефиристад, аммо Хуршеду модараш розӣ нашуда, ӯро ба каси дигар фотеҳа мекунад ва дилдодаҳо бо ҳам ба Русия фирор мекунанд. Чун ин хабарро шунидам, ба хонаи хушдоманам рафтам ва гуфтам, ки “ана дидед, ман бегуноҳ будам”. Аммо Хуршед “ту фоҳиша, хоҳари маро бо хушдорат тел кардӣ” гӯён, маро аз дар ронд….

Имрӯз дар як гӯшаяки бозори ноҳияамон самбӯса фурӯхта, пул ҷамъ мекунам, як орзу дорам, пораи замине харида, барои худам ва писаракам бино намудани хонае…

Онҳоеро, ки маро бадному бадбахт карданд, ба Худо месупорам…

                                                                          Шаҳрбону

Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД