Ба мактаб дар вақти имтиҳон ҳамла карда, муалимон ва кормандони дигари ин муассисаи таълимиро тирборон намуданд. Бар асари тирпаронӣ 7 нафар ба ҳалокат расидаанд, аз ҷумла 4 омӯзгор ва 2 корманди дигари ин даргоҳ.
Ба гуфтаи "Al Jazeera", ҳодиса дар минтақаи шимолу ғарби Покистон рӯй дода, кушташудагон асосан тарафдори шиаҳо мебошанд. Ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ имтиҳон гузаронида мешуд.
"Аввал 1 омӯзгорро парондаанд, баъди чанде дар мактаб тирпаронӣ сар шуда, дар натиҷаи ин ҳамлаи мусаллаҳона 6 нафари дигар ба ҳалок расидаанд", - навишт ин расона.
Ҳарду ҳодиса рӯзи 4 май дар шаҳри Порачинор (Ҳавзаи Курам), каме дуртар аз сарҳад бо Афғонистон, рух додааст. Намояндагони пулиси маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки ҳоло дар бораи бо кадом мақсад содир шудани ин амал маълумоти дақиқ нест.