Хабаргузории ТАСС аз раванди боздошти як ҷавони 29-сола дар Бадахшони кӯҳӣ хабар додааст, ки ба одамрабоӣ ва азобу шиканҷа додани шахси гаравгон гирифтааш, муттаҳам дониста шуда, чанд вақт боз дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт. Тавре ки манбаъд мегӯяд, Гулбиддин Зиёбеков ҳамроҳи ҳаммаслаконаш шахси оддӣ не, балки ёрдамчии прокурорро гаравгон гирифта, азобу шиканҷа додааст...
“Кормандони Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаро, ки дар содир намудани ҷинояти одамрабоӣ ва шиканҷа додани шахси гаравгон афтода муттаҳам дониста шуда, чанд вақт боз дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир намуданд. Дар рафти амалиёт дастгиршаванда муқобилияти шадид нишон дода, аз силоҳи оташфишон ба сӯйи кормандони мақомот тир кушода, дар натиҷа худ низ захмӣ гаштаат,”-омадааст дар хабар.
"Сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992 дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 181, қисми 3 ("Гаравгон гирифтани шахс ба таври гурӯҳӣ) ва 189, қисми 3("Барангехтани низоъ дар пояи ихтилофоти нажодӣ, маҳаллӣ ва ё динӣ) гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт”-мегӯяд манбаъ.
Ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 Гулбиддин Зиёбеков ҳамроҳи чанд нафар ҳаммаслаконаш ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқаъларо гаравгон гирифта, муддати 8-соат номбурдаро азобу шиканҷа медиҳанд ва бераҳмона лату кӯб менамоянд.
Прокурараи Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ нисбати Гулбиддин Зиёбеков ва ҳамроҳонаш парвандаи ҷиноӣ оғоз карда бошад ҳам, онҳо барои пурсиш ба мақомот ҳозир нашуда, фирор намуданд. Зиёрбеков аз ҳамон вақт инҷониб дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт. Санаи 25-уми ноябр, соатҳои 11.30 амалиёти махсуси боздошти ин ҷинояткор баргузор гашт, вале Зиёбеков муқобилият нишон дода, аз таппончаи “Макаров” ба сӯйи кормандони мақомот тир мекушояд ва дар натиҷа худаш низ захмӣ мешавад.
Гулбиддин Зиёбеков баъдтар бар асари захми бардоштааш дар бемористон ба ҳалокат расид.
Дар хабар омадааст, ки Зиёбеков яроқи оташфишонро бидуни иҷозат нигоҳ медоштааст ва аз ҷойи ҳодиса як адад таппонча ва 5 тир ёфт шудааст.
Аммо Пресса. тч менависад, ки Гулбиддин Зиёбеков аз сараш тир хӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса боиси сар задани эътироз гашта, эътирозгарон ҷасади ӯро ба назди бинои ҳукумат оварданд.
Манбаъ дар такя ба гуфтаҳои як сокини деҳаи Роштқалъаи Бадахшон, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ намудааст, мегӯяд, Гулбиддин Зиёбеков ва чанд нафари дигар ҳамон вақт корманди додситонии ноҳияи Роштқалъаро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ гӯшмол дода буданд ва раиси собиқи Бадахшон масъаларо ором кард. Прокурор дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсид, аммо моҷаро бо ҳаимн ба итмом нарасида, билохира бо марги Зиёбеков анҷом ёфт.