«Ҳотами той»
Мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, бо мустаҳкам шудани ҳукумати нав Созмони Миллали Муттаҳид барои мардум ёрии башардӯстона овард ва чун Пирӣ раис буд, маводи хӯрокворӣ дар хонаи ӯ фароварда шуд.
Намояндаи ин ташкилот бо мардум вохӯрда гуфт, ки мақсади ташкилот дар мадди аввал ёрӣ расондан ба беваю бечора ва ятимон аст. Мардумро рӯйхат карданд, дар навбати аввал беваю ятимонро, вале ҳамин ки намояндаи ташкилот аз дар берун шуд, Пирӣ қонуну қоидаи худро ҷорӣ кард ва ба овози баланд ба мардуми ҷамъомада муроҷиат карда гуфт:
-Э мардум, ин қадар доду вой набардоред, хӯҷаини ин ҳама ман ҳастам бо навбат омада, ҳақатонро мегиреду аз сари ҳар халтаи орд як килло, аз сари ҳар килло шакару биринҷ ва равған як пиёлагӣ ҳаққи маро медиҳед, тамом!- Мардуми аз дидани даҳшати ҷангу гуруснагӣ тарсхӯрда розӣ шуданд, танҳо Моҳбӣ бо эътироз овоз баланд кард:
Акаи Пирӣ, ҳамон одами ин хайрро овардагӣ ба мо фаҳмонд, ки ин ҳаққи ятимон аст. Ману апаам ҳарду бева ҳастему шаш ятимро нигоҳубин мекунем, бар замми ин, модари пирам бемор асту як ҳафта боз дар ба дари мардум гашта, як каф орд талбида гардсӯзаш мекунам, аз ин рӯ, ман ягон пиёла равған ё ордамро ба шумо намедиҳам! -Ин гапгардонии як беваи камбағал қаҳри раисро оварду ба назди ӯ омада, ӯро як лагат зад ва ҳақораташ дод:-Э дар гӯри падарат б…. беваи паъат!
Ин сухан аз даҳони Пирӣ баромаду ҳама издиҳом бо як овоз воҳ гуфтанд ва хомӯшии таъзиқоваре ҳавлии раисро фаро гирифт. Моҳбӣ гирякунон дасти писаракашро гирифта, аз ҷой хест ва рӯ ба фарози теппаҳо карда, раисро дуо кард:
-Падарҷон, ман ин лабкашолро ба авроҳи ту месупорам, ҷазояшро деҳ! Қисми занҳо аз баҳри гирифтани ёрии башардӯстона гузашта, ҳамроҳи Моҳбӣ рафтанд, мардон низ саркашолу малул менишастанд, онҳо медонистанд, ки ин дуо раисро бе шикаст нахоҳад монд, зеро падари Моҳбиро бобои Суфӣ мегуфтанд, ин мард донандаи хуби илми илоҳӣ буд ва зиндагии фақиронае дошт.
Даму нафасаш ба тамоми бемориҳо фоида дошта бошад ҳам, аз касе музди меҳнат намегирифт, дар роҳу ризои Худованд мебахшид аъмоли кардаашро…
Он рӯз ҳама хайрияашонро гирифтанд, занон барқасди раис ҳаққи Моҳбиро низ гирифта, ба хонааш бурданд ва фазои деҳаро бӯйи нони гарм фаро гирифт, ки накҳати зиндагӣ дошт…
Сели бало
Дар хонаи Пирӣ он шаб базм буд, дар анбораш даҳҳо халтаи орду халтаи шакар ва бочкаҳои равғане меистоданд, ки аз мардуми камбизоат чун ҳақ гирифта буд. Занаш Зиккамоҳ барои ҷӯраҳои шавҳараш кабобу шаробро омода карда бошад ҳам, аз гулӯи худаш чизе намегузашт, зеро аз оқибати дуои Моҳбӣ метарсид.
Ба се писараки зебо ва духтараки ягонааш нигариста, дилаш об мешуд ва аз дил мегузаронид, ки кош дуои Моҳбӣ ба сари шавҳари ҷоҳилаш занад… Он шаб дар нимаи фасли тобистон, он қадар борон зад, ки он ба сели бало мубаддал гашта, қариб буд деҳаро шӯста мебурд.
Мардуми қишлоқ то ҷон доштанд муқобили сели бало мубориза бурданд, хушбахтона ягон оила хисорот надид, вале анбори ба тозагӣ бино намудаи раис ба замин фурӯ рафт, рӯзи дигар ба хотири пайдо намудани ягон ашё мардум он ҷоро кофтанд, вале ба ҷуз халтаҳои кафидаи шакару орд ва қуттиҳои пластикии кафидаи равған чизе пайдо нашуд, зеро ҳама бо обу гил омехта шуда буданд.
Мардум ин сели балоро натиҷаи ранҷидани арвоҳи бобои Сӯфӣ дониста, пул ҷамъ карда, оши худоӣ доданд, вале раис дар он иштирок накард. Зиккамоҳ пинҳонӣ аз шавҳараш як дег оталаи худоӣ карда, ба ҳаққу ҳамсоя тақсим кард ва шукр мегуфт, ки сели бало ба фарзандонаш зараре нарасонд, ӯ аз куҷо медонист, ки…
Мусибат
Мардум даҳшати сели балоро фаромӯш накарда, дар деҳа хабар паҳн шуд, ки писари раис Сафар аз болои дарахти зардолу афтидаасту ҳолаш бад аст, ҳуди ҳамон рӯз писари зебои понздаҳсолаи Пирӣ ҷонашро ба ҷаббор супорид. Мардуми ғамзада хуни тар мегиристанд, баъзеҳо Моҳбиро гунаҳгор мекарданд, ки раисро дуо кард.
Пас аз додани чили писараш, Зикамоҳ аз Пирӣ хоҳиш кард, ки сари гӯри бобои Сӯфӣ рафта, бахшиш пурсад, вале раис аз асп фуромада бошад ҳам, аз узангу намефаромад ва ба сари ҳамсари ғамзадааш фарёд зад:
- Чӣ ҳамин қадар ҷавонмардро дар ҷанг бо фармони беваи Моҳак ва падари кайҳо хоку туробкардаи ӯ куштаанд?!
Зикамоҳ ба ёди ҷигарбанди гумкардааш хун мегирист ва дир дилаш тарси олуда ба дард ҷой дошт ва аз он чизе, ки метарсид, ба сараш омад. Аз марги Сафар ду моҳ сипарӣ нашуда, Қамари 13-солааш аз боли пул ба об афтида, гарданаш шикаст ва чил рӯз рӯи ҷогаҳ монда, вафот кард.
Пас аз ба хок супоридани писари дуюмаш Зикамоҳ ба Пирии маҳзуну ғамгин аҳмият надода, худаш як танӯр кулча пухта, ба хонаи Моҳбӣ рафт ва бо гиряҳои сӯзон хоҳиш кард, ки то сари гӯри падараш ӯро ҳамроҳӣ кунад. Моҳбӣ Зикамоҳро ба оғӯш кашида, зор-зор гиристу гуфт:
-Зикамоҳи ҷон, агар номи писаронатро ба забон гирифта бошам, забонам сӯзад, охири Пирӣ маро заду касе ба ҷуз ду-се зан пуштибониям накард, аз бекасиям хориям омаду арвоҳи падарамро ба ёрӣ хондам. Маро бубахш, ман мехостам, ки дар забонаш захме барояд, ки гап зада натавонад, писаракони ту чӣ гуноҳ доштанд?!
-Медонам, Моҳбӣ, падари ту ғайри ду духтар чизе надошт, аз ин рӯ, туро аз он дунё ҳам бошад, пуштибонӣ мекунаду захмро на дар забон, балки дар ҷигари Пирӣ гузошт… Он рӯз сари гӯри хоксоронаи бобои Сӯфӣ Зикамоҳ бо дард гиристу ба ҷойи шавҳараш узр пурсид….
Имрӯз Зикамоҳ писари ягонаашро хонадор карда, соҳиби келин аст, духтаракаш низ кайҳо соҳиби хонаю дари ободу зиндагист. Моҳбию апааш Шоҳбӣ низ бо азоби зиёд фарзандони ятими худро ба воя расонидаю зиндагии тинҷу осуда доранд, ятимаконашон ҷавонони худотарсу меҳнатӣ ва баномусе гаштаанд.
Пирӣ синнаш ба шаст расида бошад ҳам, ғами писаракони ғурамарагаш ӯро ба мӯйсафеди садсола мубаддал сохтаанд. Ин дунёи бекарон қонуну қавоиди нонавиштаи худро дорад, ки танҳо раҳму шафқату муҳаббат пояи онҳост, аз ин рӯ, одамгариро дар ҳама давру замон фаромӯш кардан лозим нест….
Боз як ҳикматест, ки Худозада бошу арвоҳзада не!