Formula novemver 2024
Тирамоҳи имсол кадом либосҳои кӯдакона мӯд мешаванд?
4102

Дӯстони азиз! Имрӯз мо мавзӯъи мӯди тирамоҳии либоси кӯдаконро барассӣ хоҳем кард. Шояд ба назаратон ин каме аҷиб намояд, вале гап дар сари он аст, ки калонсолон метавонанд либоси соли гузашта пӯшидаашонро имсол ҳам бар бар намоянд, вале кӯдакон не.

Фирк накунед, ки кӯдакони муосир бисёр эрка шудаанду либоси як сол пӯшидаашонро соли дуюм ба бар кардан намехоҳанд, қади бачаҳо тез-тез ёзида либоси порсолаашон дигар ба танашон рост намеояд. Аз ҳамин сабаб ба кадом қимате , ки набошад, мо маҷбурем, ки фарзандонамонро пӯшонда, барояшон либосҳои тирмоҳӣ харидорӣ намоем. Инак, чанд маслиҳат ба падару модарон дар боби интихоби либоси тирамоҳӣ барои кӯдакон.

Сарфакориро ёд гиред

Ҳамасола қисми зиёди мардони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашонро аз Русия меёбанд. Бо сабаби якбора паст фаромадани қурби пули русӣ айни замон вазъи иқтисодии муҳоҷирои меҳнатӣ чандон хуб нест, бинобар ин, ҳамаи мо, махсусан оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бояд сарфакориро пеша намоем. Барои сарфа кардани пул ва камтар кардани хароҷотҳои худ либосҳоеро, ки дар фасли тобистон бачаҳо бо он оббозӣ мекарданд, дар фасли тарамоҳ ҳамчун либоси хонапӯшӣ истифода кардан мумкин аст. Фақат ба як чиз диққат додан лозим аст, футболкаҳое, ки аз таги либосҳои тирамоҳӣ пӯшида мешаванд, бояд гиребон ва остини дароз дошта бошанд.

Водолазка ва либоси таҳпӯш

Либосҳои таҳпӯше, ки шумо барои фарзандонатон мехаред, бояд ҳатман аз матоъҳои пахтагин бошанд. Ба ҷойи футболка водолазкаҳои гардандор харидан беҳтар аст, чунки ин намуди либосро ҳам дар тармоҳ ва ҳам дар зимистон пӯшида мешавад. Он намегузорад, ки ҳавои хунук ба бадани кӯдак таъсир расонад. Водолазкаҳо барои ҳаракати кӯдак низ мувофиқанд.

Комбензонро фаромӯш накунед!

Аз болои водолазка ба кӯдак ҳатман комбензони обногузар бояд пӯшонд, то ки дар рӯзҳои боронӣ тар нашавад. Он намегузорад, ки либосҳои таги кӯдак тар шуда, шамол кашад, бар замми ин, шустанаш низ осон аст.

Ҷинс ва жемпер харед!

Дар ҳавои тирамоҳӣ ҷинс ҳам барои кӯдакон мувофиқ аст. Пӯшидани жемпирҳои шапкадор (толстовка) дар ҳавои тирамоҳ барои кӯдакон ҳатмист. Куртаву доманҳои кӯтоҳро метавон дар рӯзҳои нисбатан гарми бебориш ба кӯдак пӯшонд, вале шарт нест, ки шумо ҳатман чунин либос харед. Имконияти иқтисодиатон камтар бошад,беҳтар ба ҷойи чунин либос ба фарзандатон куртаҳои ғафси тугмадор харед, то ки дар фасли зимистон низ пӯшида тавонад. Харидани колготкӣ ва ҷӯробҳои дарозро фаромӯш накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД