arzon replenishment
ТИҶОРАТРО ИНТИХОБ КУНАМ Ё ПАДАРУ МОДАРРО?
16.04.2021
Р. Азимӣ
2612

 Волидайни пир дорам. Ман дар оила яккафарзандашон мебошам. Худ, ки ба тиҷорат машғул ҳастам, тез – тез ба шаҳри Дубай рафта моҳҳо онҷо мемонам, аммо волидонам зидди сафари дарозмудадти ман гашта, мудом монеаи рафтанам мегарданд.

Онҳо мегӯянд, ки мо пир шуда мондаем, болои ин чашмонамон соз намебинад, раваду мурда монем, мурдаамонро бе бача ба хок месупоранд. Барои ҳамин мудом ашк мерезанду монеаи рафтан ба хориҷа мешаванд. Чӣ кор кунам, ба хотири тиҷорат аз пдару модарам даст кашида, корамро идома диҳам ё қатори зану фарзандонам хонашиниро ихтиёр карда, хонашин шавам? Чанд боре, ки ба Дубай рафтам бо ҷангу ҷанҷол ва дилсиёҳӣ рафтам. Мехоҳам фаҳмам, ки бо ғурбату дӯғу пӯписа ва дилсиёҳӣ аз хона баромада рафтани фарзанд дар ислом чӣ ҷазо дорад?

Мурод, хонандаи “Оила”.

Посухи домулло Хомушӣ:

Ҳар амал ё бархӯрде, ки аз ҷониби волидайн ба шумо мерасад, набояд онро азобу шиканҷа ҳисобид, зеро ки волидайн нисбати ҷигарбанди худ чунин амалро раво намебинанд. Шумо ҳаққи тарк кардани онҳоро надоред, хусусан дар ҳоле, ки падару модар ба синни пирӣ расидаву ба хидмати шумо ниёз дошта бошанд. Худованд мефармояд:

«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед, ба падару модар накӯкорӣ бикунед, агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ! Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончӣ маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!». (Сураи “Исро”, оятҳои 23-24)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД