Варзишгарони тоҷик ба шаҳри Самарқанд барои қаиқронӣ мераванд. Дар ин шаҳри бостонӣ бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ “Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ ба масофаи ғайриолимпӣ” баргузор мегардад.
Дар мусобиқа ҳудуди 400 нафар қаиқронҳо аз 57 кишвари олам иштирок менамоянд, ки дар байнашон ғолибону ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳон, чемпионати Осиё ва чемпионҳои ҷаҳону Осиё низ ҳастанд.
Мусобиқа аз 23 то 25-уми август идома меёбад. Мунтахаби қаиқронҳои Тоҷикистон низ дар ин сабқат ширкат варзида, ҳунару маҳорати қаиқронии худро нишон медиҳанд.
Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, дар маҷмуъ барои ғолибони мусобиқа 20 ҷоиза пешбинӣ шудааст.