1xbet
ТИКА саҳмгузориро дар ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Туркия идома медиҳад
03.07.2025
Oila.tj
50

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода «Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар табиат” баргузор намуд.

1_10

Омӯзиш бо иштироки 15 нафар кормандони ҷустуҷӯ ва наҷоти тоҷик, ки дар моҳи ноябри соли 2024 марҳилаи аввали ин омӯзишро бомуваффақият анҷом дода буданд, баргузор шуд.

2_12

Баргузор намудани чунин омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ дар чорчӯбаи “Барномаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ” ба таҳкими иқтидори иштирокчиён, ки дар раванди вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода нақши фаъол доранд, равона карда шудаанд. Барои гузаронидани ин омӯзиш 5 нафар мураббӣ, кормандони AFAD аз Туркия ҷалб гардидаанд. Дар рафти омӯзиши якҳафтаина, ки бо истифода аз таҷҳизоти махсуси аз ҷониби ТИКА ба КҲФ тақдимгардида гузаронида шуд, асосҳои марбут ба соҳаи ҷустуҷӯ ва наҷот, аз қабили усулҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар табиат, идоракунии ҷои ҳодиса, истифодаи ресмон ва тарзи гиреҳбандӣ ва усулҳои таҳлияи бехатар ба таври назариявӣ ва амалӣ мубодила карда шуданд.

3_34

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо, ки баъди анҷоми омӯзиш баргузор карда шуд, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал ва тренерони AFAD ширкат карданд.

4_10

Сафир Умут Аҷар дар суханронии худ дар ин маросим гуфт: “Ин барнома, ки дар якҷоягӣ бо Агентии ТИКА ва AFAD ташкил шудааст, як қадами арзишманд дар таҳкими ҳамкориҳои Туркия ва Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва густариши табодули донишу таҷриба буд”.

5_12

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки офатҳои табиӣ як мушкили умумии башарият мебошанд ва аҳамияти ҳамкорӣ бо Туркияро дар ин самт таъкид намуда, аз ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

6_14

Интизор меравад, ки омӯзишҳо дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) дар давраи оянда низ идома хоҳанд ёфт. Агентии ТИКА бо идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти идоракунии офатҳои табиӣ ва кумакҳои башардӯстона саҳм гузоштан дар рушди тавонмандӣ дар минтақаро идома медиҳад.

7_5

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД