Gazrpom april 2025
ТИКА дастгирии инфрасохтори тандурустии Тоҷикистонро идома медиҳад
25.04.2025
Oila.tj
114

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) маркази гемодиализи Беморхонаи марказии шаҳри Бохтарро таҷдид намуд. Беморхонаи мазкур дар вилояти Хатлон ҷойгир буда ба 3,5 миллион аҳолӣ хидмат мерасонад. Маркази гемодиализи ин беморхона муддати тӯлонӣ аз фаъолият боз монда бинобар набудани таҷҳизот имкони хизматрасониро надошт. Дар доираи лоиҳа ба марказ дастгоҳҳои нави диализӣ таъмин гардида, системаи муосири обтозакунӣ насб карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Мӯҳсинзода, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мусозода ва ҳамоҳангсози Агентии ТИКА дар Душанбе Иброҳим Этҳем Унал иштирок доштанд.

 

Бемороне, ки ба далели мушкили нақлиёт дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон маҷбур буданд барои дарёфти хизматрасонии диализ ба Душанбе раванд, акнун метавонанд дар минтақае, ки зиндагӣ мекунанд, ба чунин намуди хизматрасонии тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд. Маркази таҷдидгардида имкони расонидани хизматрасониро ба беморони гирифтори норасоии шадиди гурда, ҳолатҳои баъди таваллуд, заҳролудшавӣ, бахусус беморони музмини гурда пайдо намуд.

 

Ҳадафи лоиҳа таҳкими инфрасохтори тандурустии вилояти Хатлон, беҳтар намудани сифати зиндагии беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар минтақа мебошад. Бо ифтитоҳи ин марказ беморони диализ акнун имкон пайдо мекунанд, ки ба ҷои сафарҳои душвор дар муҳити муосир ва бехатар табобат гиранд.

 

tika-11

tika-10

tika-9

tika-8

tika-7

tika-6

tika-4

tika-3

tika-1

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД