Наташа - бонуи нозукадо бо як дидан Дилшодро, ки ҷавони хушқаду қомату зебое буд, шефта гардидаву зуд робита барқарор карда, шарт монд, ки ба ивази шаҳрвандӣ зани тоҷикияшро раҳо кунад. Дилшод баъди 3 - рӯз ҷавонзанашро, ки ду кӯдаки хурдсол дошт, телефонӣ талоқ дод.
Модари Шариф бо исрор аз фарзандаш, ки дар Самара муҳоҷир буд, таъкид кард, ки наварӯсаш беҳунару бадмуомила аст, аз ин рӯ ҳар чӣ зудтар занг зада талоқашро диҳад.
Дар саҳни Донишгоҳ ҳамкурсон Салимаро, ки шавҳрааш аз бесатр ба дарс рафтанаш воқиф шудаву аз Омск телефонӣ талоқаш додаасту ҳой - ҳой гиря дошт, оромаш кардаву тасаллояш медоданд...
Муҳоҷират таркиби луғавии забони моро бо вожаву ибораи телефонталоқ ва талоқи телефонӣ қавӣ, вале бунёди оиларо заиф гардонидааст. Агар шахсан ман 4 арӯси телефонталоқро мешиносам, пас мутмаинан, ки дар миқёси кишварамон кам нестанд. Кор ба дарақае расидааст, ки ҷавонзаноне, ки шавҳарҳояшон дар муҳоҷиратанд, аз садои телефон банди дилашонро ларза мегирад, ки мабодо...
Мову Шумо хуб медонем, ки ин амали номатлуб дар хонадони тоҷик собиқа надошту дар шариати Ислом ин зуҳуроти зишт бегона аст. Нигаронии падарону модарон дар он аст, ки чаро Шӯрои уломои Тоҷикистон ба осонӣ ва бемуқомимат телефонталоқро шаръӣ намуданд.
Талоқ низ мисли никоҳ масъулияти бузургеро тақозо дораду садсолаҳо аҳён - аҳён дар хонадони тоҷик дар ҳузури волидайну шоҳидон, баъди баррасии масъала, сабабҳо ва дайни гуноҳ сурат мегирифт ва аз ин рӯ аксаран одобу шарму шариат пеши роҳи хонавайрониро мегирифт. Ҳоло хеле осон шудааст: аз 5000 километр дур бе шарту шоҳид телефонро мегиранду талоқ медиҳанд.
Мисолҳои боло бардошти журналисти маъруфу саршиноси кишвар Абдуқодири Абдуқаҳҳор аст, ки чанде қабл дар саҳифаи фейсбукаш нашр карда буд. Чанд расонаи иттилоотии кишвар дар ҳамрайъӣ бо ҷаноби Талбаков ин изҳороти ӯро нашр карда, талаб карда буданд, ки талоқ тавассути телефон бекор карда шавад.
Дар робита ба ин мавзӯъ мо хостем назари мақомотро фаҳмем. Як манбаъ аз ҳукумати кишвар зимни суҳбат бо мо гуфт, ки “дар Тоҷикистон талоқ додани ҳамсар тариқи телефон расман манъ аст”, аммо бо вуҷуди ин чунин ҳолатҳо мушоҳида мешаванд.
Дар робита ба пешгирии ин амали номатлуб, яъне пошхӯрии оилаҳо, ахиран вакилони тоҷик пешниҳоде наверо ба баррасӣ гузоштанд. Тибқи пешниҳоди тарҳи наве аз ҷониби вакилони парлумон барои талоқи телефонӣ ҷазо дар намуди ҳабс пешбинӣ шудааст. Онҳо бо пешниоди ин лоиҳа талаб доранд, ки шавҳар барои талоқ додани зани худ тариқи телефон бояд аз 3то 5 сол вориди зиндон шаванд.
Ба иттилои Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон, соли гузашта дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст. Ин рақам ду сол пеш ба 10 ҳазор ҳолат баробар буд.
Қаблан Шӯрои уламои Тоҷикистон роиҷ набудани талоқи телефониро таъкид намуда буд. Ин ниҳоди динии кишвар гуфт, дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу домод бо шоҳидон дар як ҷой ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд.
Шӯрои уламои дар пайи пешниҳоди ин лоиҳа гуфтааст, ки талоқ додан тариқи телефон эътибор надорад.