Амакам ба ман компютер туҳфа кард. Баъдтар фаҳмидам, ки дастгоҳ дуздидашуда будааст. Амакам онро аз кӯча харидааст. Суроғаи соҳибашро дар компютер ёфтам. Компютерро бо худ нигоҳ дорам ё ба соҳибаш баргардонам? Умуман, кас агар телефон ё чизи дигарро харад ва баъд фаҳмад, ки он дуздӣ будааст, бояд онро баргардонад ё истифода бурданаш раво аст?
ШОДМОН, ш. Истаравшан
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Барои шумо ҷоиз нест, ки онро нигоҳ доред. Ин амонат дар дасти шумост, ки бояд ҳарчи зудтар баргардонида шавад. Амаки шумо бояд пули онро аз фурӯшанда талаб кунад, зеро ӯ чизеро, ки моликаш набуд, фурӯхтааст. Истифода бурдани моли дуздӣ раво нест.