Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова ташриф оварда, ба сохтмони бинои нави театр санги асос гузоштааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, таъкид гардидааст, ки бунёди иншооти зебову замонавӣ ба рушди соҳаи театр, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва омодаю пешниҳод намудани намоишномаҳои ҷолиб аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон, ба роҳбари вилоят лоиҳаи маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Конибодом сити» муаррифӣ гашта, иттилоъ дода шудааст, ки тарҳи иншоот бо риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ таҳия гардидааст. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои якум ва ҳудуди маҷмаа сохтмони мактаб, кӯдакистон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ, истгоҳи нақлиёт ва қаҳвахона пешбинӣ шудааст. Бунёди ин маҷмаа бо иқдоми ширкати сохтмонии "Империя" амалӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои шумораи зиёди сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.