Arzon march 2024
“Тайота Камри”-и бе пул ба сари харидори маккор бало овард
1358

Вақтҳои охир қаллобӣ дар ҷомеаи мо хеле авҷ гирифта, кор ба ҷое расидааст, ки баъзе мардумфиребон ҳатто мошину хона барин чизҳои хеле гаронбаҳоро бе пул соҳиб мешавнад, вале “дуздию ғарӣ паси саргини хар” гуфтагӣ барин, асрори чунин харидорони мардумфиреб билохира рӯйи об баромада, нафси бад ин тоифаро ба пушти панҷараи зиндон мебарад.

Вазорати Корҳои Дохилӣ дар сомонаи интернетии худ аз боздошти чунин як харидорӣ ҳиллагар, ки муфтакак соҳиби мошини гаронбаҳо гаштааст, хабар додааст.

Ба Шӯъбаи 2-и ВКД дар ноҳияи Сино марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо ариза муроҷиат кардааст, ки санаи 13-феврали соли 2022 як марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ба сифати харидор ба манзилаш омада, автомашинаи тамғаи «Тайота Камри»-ро,, ки 110 сомонӣ арзиш дошт, савдо карда бурдааст, вале пулашро то ба ҳол надодааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.

Дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки моҳи декабри соли 2021 номбурда ҳамчунин ба боварии марди 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ маблағи 352 ҳазор сомониро гирифта, пулро то ҳол ба соҳибаш бар нагардондааст.Аз рӯи ин далелҳо тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД