Formula novemver 2024
Тағйироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
449

Дирӯз бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фақерзода Рустам Раҳим ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Дар ин бора ду манбаи алоҳида ба Оила.ТҶ хабар доданд.

Рустам Фақерзода 27- июли соли 1974 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро рӯзона ва соли 2013 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст.

Солҳои 1999-2011 ҳамчун раиси хоҷагии деҳқонии «Сорбон» дар ноҳияи Восеъ, 2011-2015 сармутахассис ва 2015-2022 сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ буд.

Рустам Фақерзода аз 8-апрели соли 2022 ҳамчун муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ кор мекард.

Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ хабари муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гаштани ӯро тасдиқ карда, гуфтанд, дирӯз фармонро гирифта, Фақерзода ба Душанбе рафтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД