Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВАО тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Дилафрӯз Рустамзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуда, ба ҷояш Барно Соҳибзода, ки то ин дам ба ҳайси рӯзноманигори ТВ "Ҷаҳоннамо" кор мекард, ба ин мақом таъйин гаштааст.
Директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Саъдӣ Исматзода низ аз вазифа озод шуда, Ҳақназар Каримзода, ки қаблан сармуҳаррири рӯзномаи "Мароми пойтахт" буд ва солҳои охир ба ҳайси муовини директори Академияи ВАО фаъолият менамуд, роҳбари академия таъин гашт.