Пешоби одами солим ранги зарди пасти равшанро дорад. Агар ранги пешоб тағйир ёбад, ба табиб муроҷиат кардан лозим аст.
Пешоби шаффоф ё аз ҳад зиёд равшан ва зуд-зуд пешоб кардан хусусан шабона, нишонаи вуҷуд доштани бемории қанд аст.
Пешоби зард ё малларанг нишонаи бемориҳои ҷигар ва талхадон (гепатит, цирроз, заҳролудшавӣ, санги талхадон) буда метавонад. Ҳамзамон чунин ранги пешоб нишонаи камобшавии ҷисм низ мебошад.
Пешоби гулобӣ, яъне дар пешоб вуҷуд доштани каме хун бар асари илтиҳоби узвҳои пешоббарор буда метавонад. Дар нафароне, ки масунияти паст доранд, бо сабаби пайдоиши микроб пешобашон гулобиву сурхча мешавад.
Пешоби сурх нишонаи вуҷуд доштани санг дар гурда буда метавонад, санги гурда рагҳоро харошида, ба хун ворид мегардад. Ҳамзамон пешоби хундор нишонаи пайдоиши омос низ буда метавонад.
Пешоби сабз аз вуҷуд доштани зардоб дар роҳҳои пешоббарор шаҳодат медиҳад. Истеъмоли доруи хоб ва ҳабҳои таскинбахши асаб низ ранги пешобро сабз мекунанд.