Formula novemver 2024
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022
2662

 

Мусалмонон дар соли 2022 кадом рӯзҳо идҳои Рамазон ва Қурбонро ҷашн мегиранд? Тоҷикистон 

Солшумории мусалмонӣ аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.

Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазратиУмар (р) бомашварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад. Аввали соли ҳиҷрии қамарӣ аз моҳи Муҳаррам шуруъ мешавад ва аз солшумории шамсӣ 11 рӯз фарқ дорад, зеро бар асоси ҳаракати Моҳ дар мадори худ ҳисоб мешавад.

Мутобиқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ ҳоломоҳи рабеъ-ус-сонӣ, яъне моҳи чаҳоруми соли 1443 аст.

Ҷашнҳои муҳими мусалмононро метавонед дар тасвирбаёни зерин бубинед.

тақвими исломӣ

Таърихи рӯзи моҳҳои мусалмонӣ дар кунҷи поин ва аз моҳҳои солшумории милодӣ дар кунҷи болои тасвирбаён ҷо дода шудаанд.

Ҷашнҳои мусалмонӣ бо ранги сурх ишора шудаанд.

Рӯзҳои ид ҳар сол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашн, аз ҷумла идҳои Қурбону Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар умури дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламо анҷом медиҳад.

Иди Қурбон (Иди Азҳо) яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил мекунанд. Ин ид се рӯз идома меёбад.

Бознашр аз “Спутник ТЧ”

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД