Sebiston new 2024 october
ТАВБАИ МАРД ДАР ПАНҶАИ КОРОНАВИРУС
17.08.2021
ДИЛОШӮБ
4126

 

Ба қадри инсоне дӯстат медорад бояд бирасӣ, хоса вақте ӯ ҳамсару ҳамхона ва модари фарзандони ту аст.

Як сол мешавад, ки ҳамсарамро бемории хуношоми куруно аз барам бурданд. Ҳарчанд дар зиндагӣ зиёд азобам дода буд, вале натавонистам фаромӯшаш кунам, як гапаш, ки дар рӯзҳои беморияш гуфт ҳиҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Барои хотири холӣ шудани дили зорам, саргузашти талхи куруноии худро рӯйи коғаз меорам, шояд барои дигаре дарси ибрат шавад…

Духтари падар

Мо дар оила чор духтару ду писар будем, ман фарзанди хурдии оила будам. Асосан духтарон зиёдтар ба модар дугона мешаванд, аммо ман баракс бо падарам бисёртар роздон будам. Падарам ҳам бисёр дӯстам медошт ва ба хости дилам кор мекард. Модарам хонашин буду падарам корманди савдо, хонаву дари зебо ва зиндагии шоистае доштем. Падарам ҳамаи фарзандонашонро хононда, соҳиби маълумоти олӣ мекарду баъд хонадорашон мекард. Оилаамон дар маҳалла оилаи намунавӣ ба ҳисоб мерафт. Интихоби келину домодҳо дар ихтиёри волидонам бошанд ҳам, онҳо фикри моро албатта ба назар мегирифтанд. Падару модарам хостгорони омадаро месанҷиданду медиданд, баъд аз апаҳоям мепурсиданд, ки ҳамин ҷавон ба ту маъқул аст ё не? Баъд розигӣ медоданд, келинҳоро бошад, модарам меёфт ва бародаронам духтаронро дида, фикрашонро мегуфтанд. Ҳамин хел келину домодҳоямон низ аз хонаводаҳи хуб буданд. Маро дар байни хешу табор «духтари додош» мегуфтанд, яъне пайвастагии маро бо падарам хуб медонистанд. Оҳиста-оҳиста ҳама бародарону апаҳоям соҳиби хонаву дари ободи худ шуданд. Бародари калониям низ хонаашро ҷудо кард, дар ҳавлии калони бошукӯҳ ману волидонам бо оилаи бародари хурдиям мондем.

  Келини амма

Ман дар соли охири Донишгоҳи тиббӣ мехондам, хостгоронам аз мӯйи сарам зиёд буданд. Аммо падарам хомӯш буд ва хостгори меомадагиро рад мекард. Модарам дар ташвиш афтода буд, ки барои чӣ ин қадар хостгорони хубро ноумед мекунад. Мақсади падарамро дертар фаҳмидем…

Падарам аз падару модар барвақт ятим монда, аз дори дунё як хоҳар дошт, ки дар ноҳияи ҳамсоя зиндагӣ мекард. Мо аммаамонро хеле дӯст медоштем ва модарам низ ҳамеша талқинамон мекард, ки падарат ҳамин қадар азиз дорад ва хоки пояшро ба дидаҳоятон тӯтиё кунед. Ана ҳамин аммаам, ки ду писар дошт, барои писари хурдияш маро хостгорӣ омад. Писари аммаам донишгоҳро хатм карда, корманди як ниҳоди қудратӣ буд, ҷавони зебои қоматбаланди босавод, шавҳари амаам ҷавон аз олам рафта буду ӯ ду писарро танҳо бо ёрдами падараму амакҳои фарзандонаш ба воя расонида буд. Ҳарду писараш ҳам хондагӣ, дорои маълумоти олӣ буданд. Падарам аз ман напурсида, маро ба ҷиянаш фотеҳа кард. Ман низ чизе нагуфтам, зеро писари аммаам номзади арзанда буд. Баъд ба ҷойи бегона не, ба хонаи аммаи худам келин шуда мерафтам ва аз ин хурсанд будам. Пас аз чор моҳ ман донишгоҳро хатм кардаму тӯйи мо баргузор гашт, хеле хушбахт будам, зеро шавҳари зебову коргари мефаҳмидагӣ, хушдомани меҳрубоне доштам, зиндагиям мисли асал ширин оғоз ёфт.

   Дар кӯчаҳои зиндагӣ

Шавҳарамро ба тақозои касби бар дӯш доштааш ба ноҳияҳои гуногун ба кор мефиристоданд, панҷ соли аввал ман дар хона ӯро мунтазир менишастам. Дар ин муддат соҳиби як писару як духтари нозанин гаштем, баъдтар ман ҳамроҳи шавҳарам ба кадом ноҳияе, ки мерафт, мерафтам. Ман эҳсос мекардам. ки шавҳарам бо занони бегона алоқа дорад, муносибаташ бо ман бад набошад ҳам, хеле сард буд. Бо баҳонаи кори зиёд ба хона дер меомаду аз ҳамбистарӣ бо ман канораҷӯйӣ мекард. Бо ҳамин аҳвол соҳиби як писару як духтари дигар гаштем. Шавҳарам дар пойтахт бароямон ҳавличаеро харидорӣ карду фарзандонам бояд як ҷо калон шаванду касб омӯзанд гуфта, моро ба он ҷо кӯчонд ва зиндагии бемардинаи ман оғоз ёфт. Ба кор даромадам, намегӯям, ки ҳамсарам ба ман ёрдам намекард, аммо дар як ду –моҳ як бор меомаду мерафт, боқӣ зиндагӣ дар гардани ман буд. Шавҳарамро пас аз пойтахт омадани мо дар кадом ноҳияе кор медоданд, ӯ ҳамон ҷо маъшуқа меёфт ва хабари маъшуқадорияш ба мо мерасид. Падару модар ва аммаам вафот карданд, ман намедонистам аз шавҳари бадгардам ба кӣ шикоят барам. Чун ба худи ӯ мегуфтам, ки фарзандонамон калон шудаанд, бас аст бадгардӣ, маро зери мушту лагад мегирифту рӯирост мегуфт, ки “туро дӯст намедорам, аз ҳамин рӯ, бадгардӣ мекунам”. Ман ҳамаашро мебахшидам, зеро писару духтарам донишҷӯ буданд, баъдтар духтарамро ба шавҳар додему барои писарам келин фаровардем. Оё ба мани келиндору домоддор айб набуд барои мард талошак кардан? Баъдтар ҳодисае рӯй доду ман дигар умуман бо шавҳарам гап намезадам.

  Беқадртар аз хори биёбон

Шавҳарамро дар як ноҳияи кӯҳманзар вазифа доданд, ӯ дер-дер меомад ва ман бо духтари кенҷаам гоҳ-гоҳе наздаш мерафтем. «Одамони хуб» кайҳо хабар оварда буданд, ки шавҳарам котибаашро зани дуюм карда гирифтаасту он ҷо барояш замин гирифта, хона сохтааст. Як рӯз ҳамроҳи духтарам ба назди шавҳарам рафтем, вале ӯ ҳамон шаб ба назди мо наомад, табиист, ки бо зани наваш хобид. Субҳ омаду ба ҷойи салому алейк бо қаҳр пурсид, ки чаро омадӣ?! Ман ки шаб то рӯз барои беқадрии худам гириста будам, худамро дошта натавониста гуфтам:

-Ҳа, ҷалабат омадан намонд?

ӯ маро чунон лату кӯб кард, ки то се рӯз ба худ наомадам. Баъди як ҳафта устухонҳои дардмандамро бардошта, ҳамроҳи духтарчаи шашсолаам, ки шабу рӯз болои сарам мегирист, ба хона омадам. Пас аз ҳамин дигар бо шавҳарам гап намезадам, чун хона меомад, ҷогаҳашро ҷудо мепартофтам, хӯроки дӯстдоштаашро мепӯхтам, вале умуман бароям вуҷуд надошт. Дар зиндагии оилавӣ як рӯз хурсанд набудам, маро ҳамеша гумону шубҳаву рашк мехӯрданд, дилам барои беқадриям месӯхт. Аммо Худо аз бахти оилавӣ бенасиб карда бошад ҳам, дар касбу кору фарзандонам барака дода буд. Писаронам ҳарду пайи касби ман рафта духтур шуданд, писари калонам духтури дандон буду пули хуб меёфт. Дуввумӣ донишҷӯ, духтарам ба оилаи хубе келин шуда рафту кенҷагӣ хонандаи мактаб буд. Шукри Худои бузург карда мегаштам.

   Дар чанголи вабо

Даҳшати коронавирус ба кишвари мо омаду ҳамсарам бемор шуд, ӯро бо таби баланду нафастангӣ ба беморхона оварданд аз ҷойи кораш. Ҳарчанд духтурон ба ман гуфтанд, ки даромадан назди ӯ мумкин нест, аммо ман ҳама кинаву озорамро фаромӯш карда, назди ӯ менишастам ва ман ҳам сироят ёфтам…

Акнун ҳарду зери дастгоҳи нафасгирӣ мехобидем, аҳволи ман каме хуб шуду вазъияти шавҳарам бад буд. Боре ӯ ба ман гуфт:

-Гулҳаё, чанд сол боз зиндагӣ дорем?

Посухаш додам, ки сӣ сол боз, ӯ бо табассуми талх ҷавоб дод:

-Не, ҳаждаҳ рӯз,- ва баъди чанд лаҳза илова кард,- маро бубахш барои ҳамаи он ранҷҳои додаам, духтари тағо…

Аввал нафаҳмидам, аммо баъдтар ба маънои гапаш сарфаҳм рафтам, ӯ ҳамин ҳаждаҳ рӯзи дар беморхона буданамонро дар назар доштааст. ӯ ҳамеша мегуфт, Худоё ҷони маро бигир, вале ҳамсарамро болои сари кӯдаконам нигаҳ дор. Дуои шавҳарам мустаҷоб шуд, ман аз чанги ин вабои беамон раҳидаму ӯ аз дунё рафт. Имрӯзҳо, ки даҳҳо нафарро ин вабо мекушад, ба ёди шавҳарам ашк мерезам. Баробари ҳар мурдадор мегиряму ҳамдарди онҳоям. Ба хонандагони азизи ҳафтавори «Оила» гуфтаниям:

Биё эй дӯст қадри ҳам бидонем,
Ки то ногаҳ зӣ ҳамдигар намонем…

     Гулҳаё

                                             

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД