Sebiston new 2024 october
Татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи 1,1 миллиард доллар
701

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тавассути Вазорати нақлиёт алҳол 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ татбиқ шуда истодааст.

Зикр гардид, ки нақшаи иҷрои корҳо дар ин давра дар лоиҳаҳои таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Обигарм-Нуробод, қитъаи 1, Обигарм-Нуробод, қитъаи 2, 46 км, Душанбе-Бохтар қитъаи Қизилқалъа-Бохтар (9,2 км), “Устувории шабакаи роҳҳо” (таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт (58,9 км) ва Данғара-Лолазор (28,9 км), сохтмони нақби «Истиқлол», марҳилаи 2, «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ БРАМОМ-4», сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 км), «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд.

- Соли равон тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 436 миллион доллари амрикоӣ, 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 156 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта ба истифода дода шаванд, ки инҳо роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод 76 км, Бохтар-Леваканд-Лолазор-Данғара 69 км, аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 км ва нақби «Истиқлол» марҳилаи 2 мебошанд,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД