arzon replenishment
Таъсиси наздик ба 30 ҳазор ҷойи нави корӣ дар Хатлон
265

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар вилояти Хатлон 29339 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят хабар доданд.

Ба қавли манбаъ, аз ҷумла, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 28028 ҷойи корӣ ва 1311 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

- Аз ҳисоби баргузории 159 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2402 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум, 3445 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд,- афзуд манбаъ.

Шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда, тибқи омори расмӣ, ҳамагӣ 14,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки баробари 1,3 фоизи шумораи аҳолии қобили корӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД