Formula novemver 2024
Таъсири зағир, лаблабу ва чормағз ба пӯсти рӯй
1177

Ғизо дар саломатии пӯст нақши муҳим мебозад. Ба касе пӯшида нест, ки моддаҳои зараровар аз бадан тавассути пӯст хориҷ карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҳолати пӯст бевосита ба сифат ва арзиши ғизоии хӯроки мехӯрдаи мо вобастагӣ дорад.

Ин маҳсулоти оддӣ, вале муҳим ба шумо кӯмак мекунанд, ки ҳамеша беназир бошед:

1. Тухми зағир. Истеъмоли мунтазами он ҷисмро аз ифлосиҳо тоза, пӯстро тароват мебахшад. Илова бар ин, тухми зағир ҳазми хӯрокро беҳтар намуда, имкон медиҳад вазни иловагӣ кам шавад. Бо ин мақсад субҳгоҳон як қошуқ тухми зағирро бо як пиёла оби гарм бинӯшед. Ҳамзамон метавонед зағирро дар шакли хока харидорӣ намоед. Илова бар ин, равғани зағир ба ҳолати мӯй ва нохун таъсири судманд мерасонад.

2. Лаблабуи обпаз. Сабзавоти мазкур ба кори узвҳои дохилӣ, инчунин тозакунии хун мусоидат мекунад. Дар натиҷа пӯсти рӯй зебо мегардад.

3. Чормағз. Шумо метавонед тамоми намудҳои чормағзро истеъмол намоед. Чормағз на танҳо барои мустаҳкам кардани мӯй ва нохунҳо, балки барои беҳтар кардани фаъолияти майна низ тавсия дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД