toyota motors
Тарзи пухтани гӯштбирён ва хомшӯрбо аз гӯшти гов ва гӯсфанди қурбонӣ
26.05.2026
Oila.tj
143

Пагоҳ мардуми шарифи тоҷик қатори дигар мусалмонони ҷаҳон Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд ва аксари одамон гов, гӯсфанд ё буз кушта, қурбонӣ мекунанд.

Маъмулан гӯшти моли қурбониро ба 3 ҳиссаи баробар тақсим карда, як ҳиссаро ба одамони ниёзманд тақсим мекунанд, аз ҳиссаи дуюм барои меҳмононе, ки дар рӯзи ид ба хона меоянд, ягон хӯроки бомаза мепазанд ва ҳиссаи сеюмро барои аҳли хонавода нигоҳ медоранд.

Ба хотири кумак ба кадбонуҳои азиз имрӯз мо дар бораи тарзи пухтани гӯштбирён ва хомшӯрбо аз гӯшти моли қурбонӣ каме маълумот медиҳем.

Тарзи пухтани гӯштбирён

Гӯштбирён яке аз хӯрокҳои серғизо ва болаззат буда, барои тайёр кардани он гӯшт, намак, қаланфури сиёҳ ва пиёз лозим аст.

Қадамҳои асосии пухтупаз

1. Тайёр кардани гӯшт

Пораҳои мулоими гӯшти гов ё гӯшти гӯсфандро интихоб намуда, ба андозаи дилхоҳ, борик ё чоркунҷа реза кунед.

2. Мариновка кардан

Ба гӯшт намак, қаланфури сиёҳ ва пиёзи ҳалқа-ҳалқа резашударо илова намоед. Барои хушбӯйӣ метавонед каме зира пошед ва ё сирпиёз илова кунед. Бигзоред, ки он 15-30 дақиқа истад.

3. Бирён кардан

Дегро дар болои оташи баланд гузошта, равғани растанӣ ё дунбаи обшуда андозед ва то дуд баромадан гарм кунед. Гӯштро ба дег андохта, фавран омехта накунед. Бигзоред як тарафаш дар оташи баланд 2-3 дақиқа сурх шавад, баъдан онро гардонида, дар оташи миёна то пурра пухтани гӯшт бирён кунед.

Маслиҳатҳои иловагӣ

Истифодаи сабзавот:

Агар хоҳед, пас аз нимпаз шудани гӯшт ба он картошка, қаланфури булғорӣ ва помидор илова намуда, якҷоя бирён кунед.

Тарзи пухтани хомшӯрбо аз гӯшти қурбонӣ

Гӯшти гӯсфанд (тӯш, қабурға ва каме равғанаш)-ро ба дег андохта, меҷӯшонанд. Кафки шӯрборо намегиранд, баъди пиёз андохтан он худ аз худ нест мешавад. Ба шӯрбо пиёз ва сабзии бутун, помидор андохта, намак ва адвиёт (приправа) пошед ва баъди 20 дақиқа ба шӯрбо картошкаи тозашудаи бутунро андозед. Оташро паст карда, монед то пухтанаш ҷӯшад. 3-4 дақиқа пеш аз пухтани хомшӯрбо ба он гашнизи майда резашуда илова мекунанд. Пас аз он ки картошка пухт, таомро аз болои оташ бигиред ва гӯшту сабзию картошкаашро ба табақ гирифта, ба рӯяш зира пошед. Шӯрбояшро дар косаҳо кашида, ба косаҳо гӯшт, картошка ва сабзӣ андозед.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД