Arzon march 2024
Тартиби санҷиши дониши кӯдакони муҳоҷир аз забони русӣ нав шуд
04.04.2025
Oila.tj
489

Тартиби санҷиши дониши кӯдакони муҳоҷир аз забони русӣ, ки аз 1-уми апрел оғоз мегардад, нав шуда, акнун 90% ҷавоби дуруст ба саволҳои шомилшавӣ ба мактабро талаб мекунад.

Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дода, афзудааст, ки Думаи давлатӣ ин масъаларо зери назорат мегирад ва ҳамчунин паҳлуҳои қонунии ин амр ва фирку мулоҳизаҳои минтақаҳо ва омӯзгоронро бояд ба инобат гирифт.

Барои дохилшавӣ ба синфи 1 бояд аз 10 суол ба 9; барои синфҳои 2-5 аз 20 суол ба 18; барои синфҳои 6-9 аз 22 суол ба 20; барои синфҳои 10-11 аз 24 савол ба 22-тои он бояд ҷавоби дуруст дода шавад.

Пештар пешниҳоди “Рособрнадзор” дар бораи ҳадди ақали муваффақияти 30-дарсадӣ баррасӣ шуда буд, аммо ин талабот аз нав дида баромада шуд. Акнун кӯдакон бояд ҳадди ақал 90 дарсад ҷавобҳои дуруст гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД