Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Хуҷанд- Чаноқ, ки санаи 10-март хабар дода буд, ки баъди ду рӯзи басташавӣ роҳ кушода шуд, имрӯз соати 12 хабар дод, ки бо сабаби фаромадани тарма роҳ дубора баста шудааст…
“Дар километри 80- уми роҳи Душанбе -Чаноқ тарма фаромад, ки паҳноияш 48 метр ва баландиаш 5 метр мебошад. Бинобар ин дар ин роҳ муввақатан ҳаракати нақлиёт боз дошта шуда, бартарафкунии тарма идома дорад”, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар саҳифаи ин ширкат дар Фейсбук.
IRS ба ронандагону мусофирон ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат тармаи азим бартараф карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки санаи 9-март бо сабаби фаромадани 46 тарма ин роҳ баста шуда буд. Рӯзи 10-март дар роҳи Душанбе-Чаннок боз 15 тармаи дигар зад.
Тармаи 48 метра роҳи Душанбе-Чаноқро баст