arzon replenishment
Таркиш устодону донишҷӯёнро берун баровард
796

Имрӯз тахминан соати 15:30 дақиқа, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Соро Ойл", дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз автомашина сӯхтор ба амал омад.

 

Бино ба нақли шоҳидон, дар заминаи сӯхтор ҳодисаи таркиш ба амал омад. Садои гӯшхароши он дар биноҳои шафат, махсусан, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат шунида шуд.

Шишаҳои Донишкада шикаста, қулфҳо аз истифода баромаданд. Ҳама сахт тарсидем ва давида ба берун баромадем. Одамони зиёд дар атроф буданд”,-қисса кард як шоҳиди ҳодиса аз ин муассисаи таълимӣ.

Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод, ки сӯхтор аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд, вале дар натиҷаи он як нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Вобаста ба зарари расида ва омилҳои ин сӯхтор тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД